Як зани 23-сола дар шаҳри Душанбе бо гумони авбошӣ ва кордзанӣ дастгир шудааст.
Ӯ субҳи 1-уми декабр дар кӯчаи К.Раҳимови пойтахт бо марди 26-солаи сокини кӯчаи Шевченко ҷанҷол карда, бо корди ошхонагӣ якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст, хабар медиҳад ВКД.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ зани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


