Тавсияи захираи маблағ ба ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолати заминларзаҳои харобиовар

Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки барои бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ дар фонди махсуси захиравӣ маблағ пасандоз кунад. “Беш аз 60%-и аҳолии Тоҷикистон дар минтақаҳои аз лиҳози заминҷунбӣ хатарнок зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ, офатҳои табиӣ ба суботи иқтисодӣ ва молиявӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд”, – қайд мешавад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки барои бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ дар фонди махсуси захиравӣ маблағ пасандоз кунад.

“Беш аз 60%-и аҳолии Тоҷикистон дар минтақаҳои аз лиҳози заминҷунбӣ хатарнок зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ, офатҳои табиӣ ба суботи иқтисодӣ ва молиявӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд”, – қайд мешавад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Баланд шудани хавфҳои молиявӣ дар Тоҷикистон”.

Бо такя ба маълумоти Барномаи рушди СММ зикр мегардад, ки танҳо обхезӣ ва селҳои соли 2015 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 млн. доллар зиён оварданд.

Муаллифони гузориш аз эҳтимол дур намедонанд, ки хатарҳои марбут ба аҳолӣ уҳдадориҳои имконпазири давлатро ҳам ба миён мегузоранд.

“Бо вуҷуди аз ҷониби ҳукумат таъсис дода шудани як қатор фондҳо, воқеан онҳо бо захираҳои кофӣ барои рӯйпӯш кардани хароҷоти кишвар аз офатҳои табиӣ таъмин нашуда буданд”, – таъкид мекунанд онҳо.

Дар гузориш гуфта мешавад, имконоти молиявии ҳукумат дар мавриди рафъи ин оқибатҳо хеле маҳдуд аст.

Сарфи назар аз ин, таъкид мекунанд коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, тадбирҳои баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба офатҳои табиӣ аз нуқтаи назари молиявӣ андешида мешаванд.

Бонки ҷаҳонӣ тавсия медиҳад, ки барои сабуктар сохтани оқибати офатҳои табиӣ минбаъд низ талош варзида шавад. Аз ҷумла, ҷамъоварии маблағ дар фонди захиравӣ, ки барои вокуниши фаврӣ ба офатҳои табиӣ ва рафъи пайомади онҳо пешбинӣ мешавад.

Ҳамчунин ҷорӣ кардани механизмҳои мукаммали суғурта ва мунтазам ҷамъоварии маълумот дар бораи хароҷоти вобаста ба офатҳо тавсия шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.