Воҳидҳои таъиноти махсус дар Хоруғ машқҳои амалию тактикӣ гузарониданд

Дар шаҳри Хоруғ машқҳои амалию тактикии воҳидҳои таъиноти махсуси Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида шуд. Он бахшида ба рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД ҶТ ҷараён гирифта, мақсад аз баргузорияш баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати шахсӣ будааст. Тибқи иттилои ВКД, зимнан марҳилаҳои гуногуни машқҳои амалию тактикӣ нишон дода шуд. Аз ҷумла, ҳайати шахсии […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Хоруғ машқҳои амалию тактикии воҳидҳои таъиноти махсуси Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида шуд.

Он бахшида ба рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД ҶТ ҷараён гирифта, мақсад аз баргузорияш баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати шахсӣ будааст.

Тибқи иттилои ВКД, зимнан марҳилаҳои гуногуни машқҳои амалию тактикӣ нишон дода шуд. Аз ҷумла, ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсуси РВКД дар ВМКБ гӯё пешгирӣ кардани бетартибиҳои оммавӣ, безараргардонии гурӯҳҳои террористони силоҳбадаст, нишон додани машқҳои амалӣ дар шароити кӯҳсор, дастгир намудани гурӯҳи нашъаҷалобон, ки дар маҳалли аҳолинишин ҷой гирифта, бо худ ғайриқонунӣ маводи мухаддир ва яроқҳои оташфишон нигоҳ медоштанд, инчунин аз гурӯҳҳои террористӣ озод намудани шахсони гаравгон ва машқҳои ҳарбиро бо маҳорати баланд иҷро кардаанд.

Дар идомаи хабар гуфта мешавад, ки воҳидҳои таъиноти махсус аз ҷойҳои мушкилгузар ва пайраҳаҳои кӯҳӣ ба баландии 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар муддати кӯтоҳ баромада, зери парчами кишвар Суруди миллии Тоҷикистонро суруданд.

Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар ВМКБ Абураҳмон Аламшозода аз натиҷаи гузаронидани машқҳои амалӣ-тактикӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарони воҳидҳои таъиноти махсуси РВКД дар ВМКБ барои беҳтар ташкил намудани чунин машқҳои амалию тактикӣ супоришҳои мушаххас додааст.

“Воҳидҳои таъиноти махсуси РВКД дар ВМКБ дар оянда низ намунаи садоқат ба савганди ҳарбӣ ва хизмати фидокорона ба Ватан буда, дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, таъмини сулҳу субот ва волоияти қонун қарор хоҳанд дошт”, – омадааст дар хабари ВКД.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.