Ба размикори тоҷики ММА “Мерседес”-и сафед ва аспи сиёҳ тақдим шуд

Акбар Қурбонов, роҳбари бошгоҳи “Акбар” ба размикори ММА Лоиқ Раҷабов мошини “Мерседес” ва асп туҳфа кард. Дар ин бора дар видеоблоги Olimchik MMA дар YouTube хабар дода мешавад. Лоиқ Раҷабов ба сарпараст барои дастгирӣ изҳори сипос карда, савори сабукрав бо рақами хотирмони 0111 BY 01 шуд. https://www.youtube.com/watch?v=stwpjaPEDtY Размикори ММА Лоиқ Раҷабов пас аз 4 соли зиндагӣ дар Олмон […]

Asia-Plus

Акбар Қурбонов, роҳбари бошгоҳи “Акбар” ба размикори ММА Лоиқ Раҷабов мошини “Мерседес” ва асп туҳфа кард. Дар ин бора дар видеоблоги Olimchik MMA дар YouTube хабар дода мешавад.

Лоиқ Раҷабов ба сарпараст барои дастгирӣ изҳори сипос карда, савори сабукрав бо рақами хотирмони 0111 BY 01 шуд.

https://www.youtube.com/watch?v=stwpjaPEDtY

Размикори ММА Лоиқ Раҷабов пас аз 4 соли зиндагӣ дар Олмон ва иштирок дар мусобиқаи байнулмилалии PFL дар ИМА ба Тоҷикистон баргашт.

Лоиқ дар чемпионати маъруфи PFL дар Ню-Йорк барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук ва як миллион доллар мукофотпулӣ то даври финалӣ расида, бо қарори ҳакамон қувваозоиро ба размикори бразилиягӣ Натан Шулта бохт.

Сарфи назар аз бохт, тоҷикистониён ҳамдиёри худро қаҳрамон хонда, дар фурудгоҳи Душанбе ботантана пешвоз гирифтанд.

Лоиқ соли 2012 ба муҳорибаҳои касбӣ оғоз карда, то имрӯз 16 қувваозмоӣ гузаронидааст. Дар 14 муҳориба ғолиб омада, як қувваозмоиро бохтааст ва дигарашро мусовӣ анҷом додааст.

Ӯ дар мусобиқаҳои PFL, GMC, AP ширкат варзида, бо рақибоне чун Бурак Кизилирмак, Фирӯз Қобилов, Христас Муратиди ва дигарон қувваозмоӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.