Бахтиёр Ҳамдамов: Asia-Plus қобили эътимод дар минтақа ва кишвар аст

Бистумин солрӯзи таъсиси рӯзномаи Asia-Plus баҳонаи хубест барои арҷгузорӣ ба ҳамаи он касоне, ки дар сутӯҳ ва аркони мухталифи ин рӯзномаи пурмухотаб бо саъю талош машғули коранд. Матбуот ҳамеша сарфи назар аз мавзеъгирияш имкон дорад, кори рӯшангариро анҷом диҳад. Интишори матбуот ва расонаҳо дар солҳои охир натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар соири кишварҳо бо мушкилоти зиёди мавҷуда […]

Бахтиёр Ҳамдамов, раиси Шӯрои ВАО Тоҷикистон

Бистумин солрӯзи таъсиси рӯзномаи Asia-Plus баҳонаи хубест барои арҷгузорӣ ба ҳамаи он касоне, ки дар сутӯҳ ва аркони мухталифи ин рӯзномаи пурмухотаб бо саъю талош машғули коранд.

Матбуот ҳамеша сарфи назар аз мавзеъгирияш имкон дорад, кори рӯшангариро анҷом диҳад. Интишори матбуот ва расонаҳо дар солҳои охир натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар соири кишварҳо бо мушкилоти зиёди мавҷуда рӯ ба рӯ шудааст, кори рӯзноманигориро дар минтақаҳо ба маротиб душвортар кардааст.

Вале бо вуҷуди ин ҳайати эҷодӣ ва техникии ҳирфаӣ дар рӯзномаи Asia-Plus даст ба кор ҳастанд. Умедворем, даҳсолаҳои дигар дар майдони қаламкашӣ пештоз хоҳанд монд.

Устуворӣ, собитқадамӣ ва талоши ҳамешагӣ барои тавлиди як рӯзномаи ҷолиб, ки қобили эътимоди ҳазорҳо хонандагон дар минтақа ва саросари кишвар шудааст, кори саҳлу соддае нест.

Ин дар ҳолест, ки бо омадани расонаҳои нав имкони пешгомии расонаҳои суннатӣ, хусусан, расонаҳои чопӣ дар расонидани хабару иттилоъ аз миён рафт ва рӯзномаҳои зиёд рӯй ба таҳлил ва тафсири ҳодисаву рӯйдод овардаанд.

Матубот дар тамоми даврони ҳузури худ, хусусан, дар ин давраи фанновариҳои иттилоотӣ бо ҷаҳди тамом масъалаҳои муҳиму дардноки ҷомеаро пайгирӣ мекунад.

Итминон дорам, дар пушти ин сахткӯшӣ дилҳои ошиқе қарор доранд, ки барои сарбаландии Тоҷикистон метапанд ва сахтиҳои кори расонанигорӣ ва рӯзноманигориро таҳаммул мекунанд.

Раёсати Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон 20-умин солгарди интишори рӯзномаи Asia-Plus-ро ба кулли хонандагон ва ҳаводоронаш табрику таҳният мегӯяд.

Барои Шумо – аҳли эҷоди рузномаи Asia-Plus дар фатҳи ин ҳаракати фарҳангӣ орзуи муваффақият, пирӯзӣ, сарбаландӣ дорем ва умедворем, ки бо нашри мақолаву маводи ҳирфаӣ, коршиносона, дархӯри замон ҳамеша мавқеи худро дар майдони матбуоти тоҷик хоҳед дошт. Умедворем, ки ҳамчун узви Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон минбаъд ҳам назокатҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои фаъолияти касбии рӯзноманигориро ба унвони яке аз аслҳои рӯзноманигории босифат ҳамеша риоят мекунед.

Бо арҷ Бахтиёр Ҳамдамов, раиси Шӯрои ВАО Тоҷикистон

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.