Вазорати тандурустӣ: Масоили коронавирус зери назорати сарвари давлат аст

Ба Тоҷикистон 2 ҳазор тести оҷилӣ барои муайянсозии коронавирус оварда шудааст. Ҳамчунин дар кишвар ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад. Масоили коронавирус зери назорати бевоситаи сарвари давлат аст, изҳор дошт дар нишасти хабарии рӯзи 6-уми феврал вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Насим Олимзода. “Имрӯз то пагоҳ масъалаи аз шаҳри Ухани музофоти Хубей баровардани 58 нафар […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Баҳриддин Давлатов, Парвиз Турсунзода, Asia-Plus

Ба Тоҷикистон 2 ҳазор тести оҷилӣ барои муайянсозии коронавирус оварда шудааст. Ҳамчунин дар кишвар ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад. Масоили коронавирус зери назорати бевоситаи сарвари давлат аст, изҳор дошт дар нишасти хабарии рӯзи 6-уми феврал вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Насим Олимзода.

“Имрӯз то пагоҳ масъалаи аз шаҳри Ухани музофоти Хубей баровардани 58 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла, донишҷӯёне, ки дар он ҷо ҳастанд, дар назар аст. Имрӯз то пагоҳ онҳо дохили кишвар мешаванд”, – гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.

Насим Олимзода афзуд: “Мо пурра омода ҳастем. Тавассути тайёра аллакай ба таври оперативӣ аз “Роспотребнадзор”-и Федератсияи Русия 2 ҳазор системаҳои тести оҷилӣ барои муайянсозии коронавирус овардем. Мо омодаем, ки пурра дар шароити Тоҷикистон ҳамин хел ташхис гузаронем”.

Дар биноҳои махсуси карантинии беморхонаҳои Тоҷикистон аллакай 645 нафар нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз Чин омадаанд. Дар қаламрави Тоҷикистон чунин биноҳои махсуси карантинӣ барои қабули 4000 кас омода шудаанд. 

Ҳукумати кишвар боз кадом тадбирҳоро андешидааст ва хешовандони одамоне, ки дар карантин нигаҳдорӣ мешаванд, чӣ мегӯянд – тафсилоти бештар дар ин видеогузориши Asia-Plus.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.