Беш аз 1,5 ҳазор кормандони чинии корхонаҳои саноатии Тоҷикистонро карантин интизор аст

Ҳамаи шаҳрвандони Чин, ки дар соҳаи саноати Тоҷикистону кор мекунанду аз таътили солинавӣ  бармегарданд, як муддати муайян дар карантин қарор хоҳанд дошт. “Мо аз рӯзҳои аввали хуруҷи коронавирус дар Чин бо Ситоди назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ робитаи зич дорем”, – изҳор дошт зимни нишасти матбуотии имрӯза дар Душанбе вазири нақлиёт ва […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳамаи шаҳрвандони Чин, ки дар соҳаи саноати Тоҷикистону кор мекунанду аз таътили солинавӣ  бармегарданд, як муддати муайян дар карантин қарор хоҳанд дошт.

“Мо аз рӯзҳои аввали хуруҷи коронавирус дар Чин бо Ситоди назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ робитаи зич дорем”, – изҳор дошт зимни нишасти матбуотии имрӯза дар Душанбе вазири нақлиёт ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода.

Ба гуфтаи ӯ, Вазорати саноат рӯйхати корхонаҳоеро таҳия кардааст, ки дар низоми саноати кишвар кор мекунанд.

“Ҳамчунин шумори шаҳрвандони Чинро, ки дар ин корхонаҳо машғули коранд, муайян кардем”, – иброз дошт ӯ.

Вай афзуд, дар корхонаҳои саноатии воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон 2176 нафар шаҳрвандони Чин ба қайд гирифта шудаанд.

“Аз ин шумор 617 нафар дар Тоҷикистон монда, боқимонда ба таътили солинавӣ ба Чин рафтанд. Қисме аз онҳо аллакай баргашта, дар карантин қарор доранд. Инчунин шахсоне, ки оянда низ бармегарданд, аз карантин мегузаранд”, – таъкид дошт ӯ.

Вазир қайд кард, ки айни замон дар соҳаи саноати кишвар наздики 50 ширкат бо сармояи Чин фаъолият мекунанд.

Зимнан таъкид шуд, ки чунин корхонаҳо асосан дар саноати кӯҳкорӣ амал мекунанд: “Зарафшон”, “Зарнисор”, “Душанбе Саноати кӯҳӣ”, “Талко голд” ва ғайра.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.