Ба куҷо метавон занг зад, агар аломатҳои коронавирусро ҳис кардед?

Дар робита ба хуруҷи коронавирус дар ҳамсоякишвари Чин, дар Тоҷикистон тадбирҳои пешгирӣ ва омодакунии муассисаҳои тиббӣ ҷараён доранд. Шуъбаҳои сироятии муассисаҳои тиббии кишвар шабонарӯзӣ фаъолият доранд ва ҳар як шахс метавонад ба ин ҷойҳо омада, ташхис супорад. Ин ташхисҳо барои ҳама бепуланд. Ҳамчунин шаҳрвандони кишвар метавонанд ба шуъбаҳои сироятӣ занг зада, ба суолҳои худ дар бораи […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар робита ба хуруҷи коронавирус дар ҳамсоякишвари Чин, дар Тоҷикистон тадбирҳои пешгирӣ ва омодакунии муассисаҳои тиббӣ ҷараён доранд.

Шуъбаҳои сироятии муассисаҳои тиббии кишвар шабонарӯзӣ фаъолият доранд ва ҳар як шахс метавонад ба ин ҷойҳо омада, ташхис супорад. Ин ташхисҳо барои ҳама бепуланд. Ҳамчунин шаҳрвандони кишвар метавонанд ба шуъбаҳои сироятӣ занг зада, ба суолҳои худ дар бораи ин беморӣ посух гиранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд.

Беморхонаҳои сироятӣ:

Душанбе – 907725432

Мурғоб – 935843770, 937036461

Хоруғ  – 937335745

Исфара – (83462) – 21843

Кӯлоб  –  985656567

Хуҷанд  –  (83422) – 55450, – 43911

Бохтар  –  (83462) – 21843.

Ёдрас мекунем, ки ба сурати умум дар саросари кишвар барои шахсони аз Чин меомада 4 ҳазор минтақаи карантинӣ омода карданиянд. Санҷиши аломатҳои сироят аз вирус дар фурудгоҳ оғоз мешавад, ки дар биноҳои ҷудогонаи он барои анҷоми ин кор таҷҳизоти зарурӣ гузошта шудааст.

“Дар маҷмӯъ барои 4 ҳазор ҷой минтақаҳои карантинӣ тайёр карданием. Дар беморхонаи сироятии пойтахт  беш аз 250 нафар дар карантин қарор доранд, бархе аллакай муддати беш аз 8 рӯз. Бо гузашти 14 рӯз онҳо ҷавоб дода шуда, мутаносибан ҷойҳои онҳо холӣ мешавад”, – шарҳ дода буд қаблан ба “Азия-Плюс” директори МД “Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон”, доктори улуми тиббӣ Самариддин Алиев.

Тибқи маълумоти вазири тандурустии кишвар Насим Олимзода, бинобар сабаби роҳандозии тадбирҳои пешгирии паҳншавии коронавируси нав, айни замон дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ 645 нафар бистариянд.

Аз ин маводи мо дар бораи аломатҳои коронавирус маълумоти муфассалтар пайдо карда метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.