Ҳукумати Ҷопон ба Маркази тиббии Душанбе таҷҳизоти муосир тақдим кард

Маросими анҷоми лоиҳаи дастрас кардани таҷҳизот барои Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи Карим Аҳмадов 10-уми феврал баргузор шуд. Дар он сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита суханронӣ карда, иттилоъ дод, ки аз тарафи ҳукумати Ҷопон барои татбиқи ин лоиҳа беш аз 89 ҳазор доллари ИМА ҳамчун грант ҷудо гардид. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Маросими анҷоми лоиҳаи дастрас кардани таҷҳизот барои Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи Карим Аҳмадов 10-уми феврал баргузор шуд. Дар он сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита суханронӣ карда, иттилоъ дод, ки аз тарафи ҳукумати Ҷопон барои татбиқи ин лоиҳа беш аз 89 ҳазор доллари ИМА ҳамчун грант ҷудо гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, беморхонаи мазкур ва шуъбаи акушерӣ барои нигоҳубини кӯдакони навзод ба таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ниёз дошт. Пас аз анҷом ёфтани лоиҳа, акнун дар шуъба таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, мониторҳои тиббӣ, инкубатор, лампаи фототерапевтӣ, катҳои кӯдакона ва ғайра насб карда шуданд.

Такаюки Мияшита изҳор дошт, ки лоиҳаҳои ҳукумати Ҷопон дар рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, иншооти инфрасохторӣ, маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ мусоидат карда, барои тақвияти ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Ҷопон нақши муҳим мебозанд.

Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи Барномаи кумакҳои бебозгашти ҳукумати Ҷопон барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) амалӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.