МегаФон Тоҷикистон дӯстдорони бозиҳоро бо портали нави “Mega Games” хушҳол намуд

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” миқдори хизматрасониҳои инноватсионии рақамии барои муошират, кору фаъолият ва дилхушии муштариён нигаронидашударо пайваста зиёд менамояд. Яке аз чунин хизматрасониҳои нави ҷолиби оператор портали “Mega Games” ба шумор меравад, он ба муштариён имкон медиҳад, ки ба тариқи онлайн дар дастгоҳҳои рӯимизии худ машғули бозиҳои маъруф шаванд. Арзиши обуна – 1,20 сомонӣ дар як […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” миқдори хизматрасониҳои инноватсионии рақамии барои муошират, кору фаъолият ва дилхушии муштариён нигаронидашударо пайваста зиёд менамояд.

Яке аз чунин хизматрасониҳои нави ҷолиби оператор портали “Mega Games” ба шумор меравад, он ба муштариён имкон медиҳад, ки ба тариқи онлайн дар дастгоҳҳои рӯимизии худ машғули бозиҳои маъруф шаванд. Арзиши обуна – 1,20 сомонӣ дар як шабонарӯз. 

“Барои муштарии муосири рақамӣ смартфон бо дастрасӣ ба интернет – дастгоҳи нимфунксионалиест, ки барои дастраскунии маълумот, идоракунии молия, ҳалли масъалаҳои корӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ҳарчи бештар сокинони Тоҷикистон смартфонҳоро бо мақсадҳои дилхушии худ истфода менамоянд. Барои ҳамин мо қарор кардем бозиҳои нисбатан маъруфро баҳри осон намудани ҷустуҷӯи онҳо дар як портал муттаҳид карда, дар баробари ин – имконияти боргирии бозиҳоро аз манбаи ҳифзшуда таъмин намоем. Бехатарии истифодабарандагони интернет – ба монанди эътимоднокии хизматрасониҳои алоқа самти афзалиятноки ширкати мо маҳсуб меёбад, – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед Бобоалиев.

Портал ба муштариён бо суроғаи megagames.tj дастрас аст. Барои истифода аз портал  фаъолкунии обуна бо ирсоли дилхоҳ калима бо SMS-паёмак ба рақами 1141 ё рақамчинии USSD-дархости *1141# зарур меояд. Дар ҷавоб муштарӣ паролро аз рақами кӯтоҳи 1141 ба даст меорад. Ба сифати логин барои дастрасӣ рақами муштарӣ, ки тавассути он обуна фаъол карда шуд, истифода мегардад. Барои қатънамоии он бояд USSD-дархости *1141*0# рақамчинӣ карда шавад.

Ҳангоми истифодаи портал трафик аз ҳисоби бастаи умумии интернети муштарӣ сарф мешавад. “Mega Games” инчунин барои тамошои контент дар дастгоҳҳои рӯимизӣ мутобиқ карда шудааст. Соҳибони гаҷетҳои мобилӣ метавонанд бозиҳоро бевосита дар онҳо боргирӣ кунанд (на зиёда аз 3 бозӣ дар як шабонарӯз). 

Арзиши обуна ба портали “Mega Games” 1,20 сомониро дар як шабонарӯз бо назардошти ААИ ва андози аксизӣ ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.