Манъи содироти баъзе маҳсулот аз кишварҳои ИИАО ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?

Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ содироти баъзе маҳсулоти ғизоиро аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) манъ кард. Дар ин рӯйхат марҷумак (гречка), арзан, ярма, орди дурушт ва ғайра зикр шудааст. Ду моҳи аввали соли 2019 ба Тоҷикистон беш аз 14,6 ҳазор тонна орд ба маблағи зиёда аз 3,5 млн доллар ворид шудааст, ки нисбат ба ду […]

Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ содироти баъзе маҳсулоти ғизоиро аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) манъ кард. Дар ин рӯйхат марҷумак (гречка), арзан, ярма, орди дурушт ва ғайра зикр шудааст.

Ду моҳи аввали соли 2019 ба Тоҷикистон беш аз 14,6 ҳазор тонна орд ба маблағи зиёда аз 3,5 млн доллар ворид шудааст, ки нисбат ба ду моҳи аввали соли гузашта аз рӯйи вазн – 25,6% ва аз рӯйи маблағ – 28,6% бештар аст.

Давоми ду моҳи аввали соли ҷорӣ воридоти гандум ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 95 ҳазор тонна ба маблағи 21,5 млн доллар сурат пазируфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи вазн – 52,1% ва аз рӯйи арзиш – 42,2% камтар мебошад.

Қобили зикр аст, ки орду гандум ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид карда мешаванд.

Соли гузашта Тоҷикистон наздики 1 млн тонна зироати ғалладона ва 56 ҳазор тонна орд ворид карда буд. Ба ақидаи сиёсатшиноси Русия Дмитрий Верхотуров, вазъ дар бозори Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳанӯз то хуруҷи коронавирус – охири соли 2019 ва аввали соли 2020 аллакай душвор шуда, болоравии нархи маҳсулот ба мушоҳида мерасид, ки бозгӯйи норасоии он аст ва ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо ин вазъро мушкилтар месозанд.

Қазоқистон эълон кард, ки то моҳи августи соли 2020 орди гандумиро ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистону Афғонистон дар доираи квотаи муқарраршуда мефурӯшад. Маҳдудият то 1-уми августи соли 2020 амал карда, ҳаҷми квотаҳоро ҳар моҳ Вазорати кишоварзии Қазоқистон муайян мекунад.

Ба гуфтаи Дмитрий Верхотуров, мувофиқи мақсад мебуд, агар дар доираи ИИАО барои ҳалли муштараки масъалаи таҳвили зироати ғалладона ва орд аз Қазоқистон ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ комиссияи умумии маҳсулоти ғизоӣ таъсис дода шавад.

Тибқи маълумоти Агентии захираҳои моддии назди ҳукумати Тоҷикистон, дар анборҳои ин сохтор барои 9,5 млн нафар аҳолии кишвар дусола захираи маҳсулот нигаҳдорӣ мешавад.

Аз маҳсулоти дар рӯйхати ИИАО зикршуда Тоҷикистон худро бо пиёз, сир (чеснок), шалғам, тухмии офобпараст ва биринҷ таъмин карда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.