Боздошти занони машғул ба фурӯши маводи нашъаовар ва як гурӯҳи нашъаҷаллоб дар Душанбе

Баҳманёр Нодиров

Дар Душанбе як шабакаи миёнаравони фурӯши маводи нашъаовар ва як гурӯҳи нашъаҷаллобон дастгир шуданд.

Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, моҳи феврали соли 2020 зимни як коркарди оперативӣ аз шаҳрванд Надежда Латипова 2 адад ҳабҳои моддаи психотропии навъи метилендиокси-метамфетамин (МДМА) дарёфт шуд.

“Муайян карда шуд, ки ин моддаи психотропиро Надежда Латипова дар Душанбе аз шиносаш Мадина Ҳамробоева бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ғайриқонунӣ соҳиб шудааст. Дар ҳамин раванд  тариқи “харидории санҷишии оперативӣ” аз Мадина Ҳамробоева ба маблағи 900 сомонӣ 2 адад ҳабҳои психотропии навъи метилендиокси-метамфетамин харидорӣ шуд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Агентӣ.

Тибқи маълумоти Агентӣ, сипас дар пайи занҷира Фотима Носирова ва Дунё Маликмуҳаммедова дастгир карда шуданд.

“Ҳангоми кофтукови шахсии Дунё Маликмуҳаммедова аз ӯ 5 адад ҳабҳои психотропии метилендиокси-метамфетамин дарёфт карда шуд. Ҳангоми кофтукови манзили ӯ боз 15 адад ҳабҳои нашъадори метилендиокси-метамфетамини (МДМА) дарёфт ва маълум шуд, ки ин ҳабҳоро ӯ аз шиносҳояш бо номҳои “Даврон” ва “Эгам” ғайриқонунӣ соҳиб шудааст”, – қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни чорабиниҳои оперативию тафтишотӣ шахсияти Даврон ва Эгам муайян карда шуд. Маълум шуд, ки пеш аз ин Даврон, яъне Даврон Ашӯров аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва аз ӯ 60 дона ҳаб мусодира шудааст.

“Нисбат ба боздоштшудагон ва “Эгам” мутобиқи моддаи 200 КҶ ҶТ (гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва маводи психотропӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, нисбат ба Даврон Ашӯров тафтишот ҷараён дорад”, – илова мешавад дар маълумот.

Ҳамчунин маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Агентӣ гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша бо роҳбари шаҳрванди Афғонистон Амири Эвази 40-сола ва аъзоёни гурӯҳи мазкур, шаҳрвандони Тоҷикистон Хусрав Назарови 38-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор ва Эмомалӣ Тиллоеви 25-сола, сокини ноҳияи Хуросон дастгир карда шуданд.

Гуфта мешавад, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурдагон се адад сумкаи варзишӣ, ки дар дохили онҳо 22 адад бастаҳои селофании бо маводи ҷигариранги хамирмонанд ва маводи сабзчатоби сахткардашудаи буи махсусдошта бозёфт ва мусодира карда шуд.

“Мутобиқи маълумотномаи Шуъбаи эспертизаи судии Агентӣ маводҳои мусодирагардида 39кг 220 гр маводи нашъаовари навъи афюн ва 4кг 990гр маводи нашъаовари навъи ҳашиш мебошад, ки ҳаҷми умумии онҳо 44кг 210гр ро ташкил дод”, – омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ҳодисаи мазкур бо моддаи 200, қ. 4  Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ ғоз гардида, тафтишот идома дорад ва айни ҳол барои муайян ва боздошт намудани аъзоёни боқимондаи ин гурӯҳи муташшакил чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...