БДА: Вуруди нақлиёт ба Душанбе аз минтақаҳо маҳдуд намешавад

Маҳдудиятҳое, ки дар шаҳри Душанбе марбут ба пешгирии сирояти коронавирус ҷорӣ мешаванд, ба вуруди мошинҳо дахл нахоҳанд дошт. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати БДА Тоҷикистон хабар доданд, тадбирҳои дар Душанбе роҳандозишуда ба вуруди нақлиёт аз минтақаҳо дахл надорад. “Дар байни ронандагони мошинҳое, ки ба Душанбе ворид мешаванд, оид ба риояи меъёрҳои санитарӣ, аз ҷумла, тоза нигоҳ доштани воситаи […]

Asia-Plus

Маҳдудиятҳое, ки дар шаҳри Душанбе марбут ба пешгирии сирояти коронавирус ҷорӣ мешаванд, ба вуруди мошинҳо дахл нахоҳанд дошт.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати БДА Тоҷикистон хабар доданд, тадбирҳои дар Душанбе роҳандозишуда ба вуруди нақлиёт аз минтақаҳо дахл надорад.

“Дар байни ронандагони мошинҳое, ки ба Душанбе ворид мешаванд, оид ба риояи меъёрҳои санитарӣ, аз ҷумла, тоза нигоҳ доштани воситаи нақлиёт, пӯшидани ниқоби тиббӣ ва дигар талабот корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Ҷорӣ кардани маҳдудияти вуруди нақлиёт ба пойтахт ҳоло пешбинӣ нашудааст”, – гуфтанд дар РБДА-и кишвар.

Дар ҳамин ҳол, шурӯъ аз 1-уми май дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ мешаванд. Маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, аз соати 10:00 то 20:00 ҳаракати ин навъи мошинҳо дар роҳ манъ карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.