Шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон ба ватан бармегарданд

Росавиатсия то рӯзи 5-уми май ҷадвали пешакии парвози ҳавопаймоҳоро аз кишварҳои хориҷа барои баровардани шаҳрвандонаш пешниҳод кард. Дар ҷадвал хатсайрҳо аз Тел-Авив, Рим, Бангкок ва Шанхай зикр шудааст. Аз ҷумла, рӯзи 30-юми апрел ду парвоз аз пойтахти Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ширкати “Сибирь” аз Душанбе ба Новосибирск ва ширкати «Уральские авиалинии» аз Душанбе ба шаҳрҳои Сургут […]

Asia-Plus

Росавиатсия то рӯзи 5-уми май ҷадвали пешакии парвози ҳавопаймоҳоро аз кишварҳои хориҷа барои баровардани шаҳрвандонаш пешниҳод кард. Дар ҷадвал хатсайрҳо аз Тел-Авив, Рим, Бангкок ва Шанхай зикр шудааст.

Аз ҷумла, рӯзи 30-юми апрел ду парвоз аз пойтахти Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ширкати “Сибирь” аз Душанбе ба Новосибирск ва ширкати «Уральские авиалинии» аз Душанбе ба шаҳрҳои Сургут ва Екатеринбург парвозҳо анҷом медиҳанд.

Рӯзи 3-юми май парвози ҳавопаймои ширкати «Уральские авиалинии» аз Душанбе ба Маскав барои баровардани шаҳрвандони Русия дар назар аст.

Ин маълумотро сафорати Русия дар Тоҷикистон интишор кард:

“Ёдрас мекунем, ки ба ин хатсайрҳо танҳо он ишаҳрвандони Русия роҳ дода мешаванд, ки намунаи варақаро дар портали “Госуслуги” пур кардаанд (маълумоти муфассал дар сомонаи сафорати Русия дар Тоҷикистон аз 14-уми апрели соли 2020 – https://goo.su/0Wqw)”, – қайд мешавад дар маълумоти намояндагии дипломатии Русия.

Дар маълумот ҳамчунин зикр шудааст, ки парвоз тариқи ин хатсайрҳо бо дастрасии иҷозаи мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон сурат мепазирад.

Ёдрас мекунем, ки бар асари пандемияи коронавирус Русия аз 27-уми март иртиботи мунтазами ҳавоиро бо кишварҳои дигар қатъ кард. Танҳо аз хориҷа баровардани сайёҳони русиягӣ истисност. Аз 31-юми март шумори хатсайрҳо барои аз хориҷа баргардонидани шаҳрвандон кам шуда, шумори мусофирон маҳдуд шуд. Аз аввали моҳи апрел якчанд рӯз баргардонидани шаҳрвандон қатъ гардида, аз 6-уми апрел ин гуна парвозҳо барқарор шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Ду дастаи баскетболбози шахсони маъюбиятдоштаи "Ғайрат" ва "Ваҳдат"-и Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболи аробанишин, ки дар шаҳри Анталия баргузор гардид, иштирок карданд. Варзишгарон дар ҷараёни...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.