БҶ: “Дар Тоҷикистон касри буҷет афзуда, маблағгузорӣ ба хароҷот кам мешавад”

 “Хуруҷи COVID-19 ва хавфҳо барои рушд дар Русия – сарчашмаи асосии интиқоли пули муҳоҷирон ба бадшавии назарраси сохтори макромолиявӣ боис гардид”, – гуфта мешавад дар Пешгӯйии Бонки ҷаҳонӣ дар бораи вазъи макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон, ки рӯзи 27-уми апрел интишор шуд. Муаллифони гузориш интизор доранд, ки дар натиҷаи хуруҷи коронавирус ва сустшавии рушди иқтисод дар Русия ва Чин, […]

 “Хуруҷи COVID-19 ва хавфҳо барои рушд дар Русия – сарчашмаи асосии интиқоли пули муҳоҷирон ба бадшавии назарраси сохтори макромолиявӣ боис гардид”, – гуфта мешавад дар Пешгӯйии Бонки ҷаҳонӣ дар бораи вазъи макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон, ки рӯзи 27-уми апрел интишор шуд.

Муаллифони гузориш интизор доранд, ки дар натиҷаи хуруҷи коронавирус ва сустшавии рушди иқтисод дар Русия ва Чин, имсол рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) то 1,7% ва пасттар аз он коҳиш меёбад.

“Ин оқибатҳо аз босуръат поинравии ҳаҷми савдо ва пастшавии нарх ба ашёи хом, коҳиши имконпазири интиқоли пул ва бад шудани дурнамои рушд барои соҳаҳои нақлиёт ва сайёҳӣ иборат хоҳанд буд”, – таъкид мешавад дар пешгӯйӣ.

Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ аз эҳтимол дур намедонанд, ки бо ҳамин сабабҳо имсол касри буҷет афзуда, имкони маблағгузории ҳаҷми зиёди хароҷот аз ҷониби ҳукумат маҳдуд мешавад.

Ҳамзамон сатҳи камбизоатӣ дар соли 2020 метавонад аз поинравии 29,5% дар соли 2017 то 27,4% дар соли 2018 начандон назаррас тағйир ёбад.

“Ҳукумат бо роҳи тавсеаи кумаки таъинотии иҷтимоӣ ба минтақаҳое, ки айни замон ба ин барнома фаро гирифта нашудаанд, метавонад сатҳи камбизоатиро коҳиш диҳад ва ба хотири ҷуброн ба хонаводаҳо дар робита ба болоравии тарифҳо ба хизматрасонии коммуналӣ дар доираи кумаки таъинотии иҷтимоӣ пардохтҳоро зиёд кунад”, – илова кардаанд коршиносони Бонки ҷаҳонӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.