Гармии тоқатфарсои арабӣ дар Тоҷикистон идома дорад

Рӯзҳои 28 -29 майи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво боқӣ мемонад. Тавре Агентии обуҳавошинсоии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин вазъият бо баромад ба минтақаи бидуни фишори паст ва антициклонҳои баландкӯҳии гарм вобаста аст. Гуфта мешавад, дар натиҷаи воридшавии ҳавои гарму хушк аз самти давлатҳои Эрон, Ироқ ва нимҷазираи Арабистон дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ баландшавии […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 28 -29 майи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво боқӣ мемонад.

Тавре Агентии обуҳавошинсоии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин вазъият бо баромад ба минтақаи бидуни фишори паст ва антициклонҳои баландкӯҳии гарм вобаста аст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи воридшавии ҳавои гарму хушк аз самти давлатҳои Эрон, Ироқ ва нимҷазираи Арабистон дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур нест.

“Ҳарорати баландтарини ҳаво дар вилояти Хатлон 35+400 гарм ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то +420 гарм пешбинӣ мешавад”, – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд ҳаво то 32+370 гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳарорати баландтарини рӯзонаи ҳаво дар ҳудуди 25+300 гарм ва дар ноҳияи Дарвоз то +340 гармӣ пешгӯйӣ мешавад.

Ин рӯзҳо дар Душанбе обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат шабона то 20 ва рӯзона 34-36 дараҷа гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.