Ташрифи боз як гурӯҳи табибони Лаҳистон ва намояндагони СҶТ ба Тоҷикистон

Субҳи 14 июн як гурӯҳ табибони Лаҳистон (Полша) ва коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) иборат аз 9 нафар  ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмононро намояндагони Вазорат истиқбол намуданд. Гуфта мешавад, ҳадаф ва мақсади ташрифи  гурӯҳи табибони кишварҳои аврупоӣ ба […]

Asia-Plus

Субҳи 14 июн як гурӯҳ табибони Лаҳистон (Полша) ва коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) иборат аз 9 нафар  ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмононро намояндагони Вазорат истиқбол намуданд.

Гуфта мешавад, ҳадаф ва мақсади ташрифи  гурӯҳи табибони кишварҳои аврупоӣ ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 мебошад.

Зикр мешавад, ки бо мақсади табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 қаблан табибони варзидаи кишварҳои Ӯзбекистон ва Чин низ ба Тоҷикистон  омада буданд.

Ёдрас мешавад, ки шоми 6 июн гурӯҳи калони табибони Лаҳистон ҳамроҳи се нафар коршиносони СҶТ ба Тоҷикистон ташриф оварда, то имрӯз аз якчанд муассисаҳои тандурустии мамлакат боздид ва бо рафти фаъолияти онҳо шинос шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари худ онҳо аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон дидан карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.