Дар дарёи Душанбе, наздикии маҷмааи табъу нашр (ГЖК) имрӯз ҷасади марди ҷавоне дарёфт шуд. Ҷасад дар мобайни дарё қарор дошта, маҷрои об онро ба қитъаи начандон калони хушкӣ берун овард.
Ба шуъбаи навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода соати тақрибан 12:30 дақиқа дар бораи дидани ҷасад хабар расид. Шоҳидон хабар додаанд, ки ҷасади шахсро дидаанд. Наҷотдиҳандагони ҳозиршуда ҷасадро аз об берун оварданд.
Шахси ҳалокшуда марди тақрибан 25-сола буда, шахсият ва сабабҳои марги ӯ алҳол номаълум аст.
Тафсилоти хабар пайгирӣ мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.