Дар Тоҷикистон маргу мир зиёд, тӯйу таваллуд ва азҳампошии оилаҳо кам шудааст

Date:

Нимаи аввали соли равон 18 ҳазору 777 нафар дар Тоҷикистон вафот кардаанд. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта ба 16 ҳазору 929 нафар баробар буд.

Зимни нишасти матбуотии имрӯза раҳбарияти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ сабаби афзоиши ҳодисаҳои маргу мирро ба паҳншавии сирояти коронавирус вобаста надонистанд.

Вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён дар ин робита изҳор дошт, ки “одамон натанҳо бар асари бемории COVID-19 фавтиданд”.

Маросимҳои ақди никоҳ дар кишвар дар ин давра нисбат ба соли гузашта камтар шудаанд, ки мутаносибан ба 30 ҳазор (соли 2020) ва 33 ҳазор (ҳамин давра соли гузашта) баробар мебошад.

Тӯли ним сол дар ҷумҳурӣ наздики 101 ҳазор нафар тифлони навзод (ҳамин давраи соли гузашта – 106,5 ҳазор) ба қайд гирифта шудаанд.

Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 5,5 ҳазор ҳолатҳои бекор шудани ақди никоҳ ва азҳампошии оилаҳо сабт шудааст. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли пешин беш аз 6 ҳазор ҳолатро ташкил медод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...