Наздики 488 ҳазор нафар дар Тоҷикистон кумаки яквақта мегиранд

Ҳукумати Тоҷикистон шумори гурӯҳи осебпазири аҳолиро, ки ба онҳо дар доираи пешгирии таъсири COVID-19 ба бахшҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ дар ҳаҷми як андозаи музди меҳнати ҳадди ақал (400 сомонӣ) кумаки яквақта расонида мешавад, пешниҳод кард. Мувофиқи замима ба қарори ҳукумат аз 11 июл, шумори умумии пешакии чунин шахсон наздики 488 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон шумори гурӯҳи осебпазири аҳолиро, ки ба онҳо дар доираи пешгирии таъсири COVID-19 ба бахшҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ дар ҳаҷми як андозаи музди меҳнати ҳадди ақал (400 сомонӣ) кумаки яквақта расонида мешавад, пешниҳод кард.

Мувофиқи замима ба қарори ҳукумат аз 11 июл, шумори умумии пешакии чунин шахсон наздики 488 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, чунин гурӯҳи аҳолӣ кумак гирифта метавонад:

– шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд – 70 ҳазор нафар;

– маъюбон – 149 ҳазору 860 нафар;

– ятимон ва кӯдаконе, ки бе саробон мондаанд – 82 ҳазор нафар;

– кӯдакони маъюби синии то 16-солаи гирифтори ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) – 1 ҳазор нафар;

– шаҳрвандони камбизоат – 184 ҳазору 644 нафар;

– гурезагони камбизоат – 300 нафар.

Гуфта мешавад, дар рӯйхат гурӯҳи осебпазири аҳолӣ ба ҳолати то 1 июни соли 2020 зикр шуда, аз ин рӯ, шумори нафақахӯрони иҷтимоӣ, маъюбон, кӯдакони ятими бе саробон тағйир ёфта метавонад.

Дар қарор ба сохтор ва мақомоти дахлдор дастур дода шудааст, ки то 1 августи соли 2020 рӯйхати шахсони дохил ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро бо нишон додани насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан) ва ҷойи истиқомат тартиб дода, ба Вазорати молия ва БДА «Амонатбонк» пешниҳод намоянд.

Вазорати молия ба мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷудо кардани маблағ барои пардохти кумакпулии яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва БДА “Амонатбонк” ба таъмини интиқоли саривақтии маблағҳои мақсадноки ба суратҳисобаш воридгардида бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ ва ба шахсоне, ки дар рӯзи гирифтани кумакпулии яквақта кортҳои пардохтии бонкӣ надоранд, тариқи нақдӣ вазифадор карда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.