Меҳмонони тӯйҳо дар Хуҷанд аз тести коронавирус мегузаранд

Дар Хуҷанд акнун бидуни огоҳӣ метавонанд марказҳои савдоро, ки тавсияҳои санитарӣ-гигениро дар мубориза бо коронавирус риоя намекунанд, банданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, зимни ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус  раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини дахлдор дастур дод, ки дар тўйи хонадоршавӣ шаҳрвандони дар он иштирокдошта бояд аз […]

Asia-Plus

Дар Хуҷанд акнун бидуни огоҳӣ метавонанд марказҳои савдоро, ки тавсияҳои санитарӣ-гигениро дар мубориза бо коронавирус риоя намекунанд, банданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, зимни ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус  раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини дахлдор дастур дод, ки дар тўйи хонадоршавӣ шаҳрвандони дар он иштирокдошта бояд аз тести муайяннамоии коронавирус гузаранд.

“Зеро саломатии шаҳрвандон барои давлату ҳукумат аз ҳама манфиатҳо боло меистад”, – таъкид дошт раиси шаҳр.

Маъруф Муҳаммадзода аз фаъолияти бархе бозору мағоза ва қаҳвахонаву ошхонаҳои шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки иҷрои тавсияҳои пешбинишудаи беҳдоштӣ шарти муҳими пешгирӣ аз бемории коронавирус буда, дар сурати иҷро нагардидан фаъолияти ин марказҳои савдо бидуни огоҳӣ қатъ карда мешаванд.

“Имрӯз мо фурсат дорем, ки дар ҳамбастагӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз беморӣ тадбирҳои амалӣ андешем, вагарна фардо дер хоҳад шуд ва он идоранашаванда мегардад”, – қайд кард Муҳаммадзода.

Сипас Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳодисаҳои шиддати зиёди мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ дар кишварҳои ҳамсоя ҷалб намуд.

“Таҳлили даҳрӯзаи охир собит менамояд, ки теъдоди беморони илтиҳоби шуш ва коронавирус рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Мутаасифона, ин беморӣ бидуни нишона зуҳур намудааст, ки ташвишовар гардидааст, – изҳор дошт ӯ. –  Бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботӣ, гигиенияи ҷамъиятӣ риоя намешавад, мардум бениқоб дар ҷойхои ҷамъиятӣ ҳузур доранд. То ҳол оқибатҳои гирифторӣ ба бемории коронавирус «Covid-19»-ро дуруст дарк накардаанд. Бояд қайд намуд, ки танҳо беморони сироятшуда то чӣ андоза вазнин ва тоқатфарсо будани ин бемориро медонанду халос. Зеро вақте ки бемори вазнин мешавед, қадри ҳар як нафас, ҳар як сонияи зиндагиро дарк мекунед”.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расмии омории Вазорати тандурустӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар як шабонарӯз тайи даҳ рӯзи охири зикршуда тағйир наёфтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.