Қадрдонии беҳтарин мутасаддиёни нигоҳубини дарахтони аз хориҷи кишвар ба Душанбе воридшуда

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи то охири моҳи сентябр муайян кардани беҳтарин мутассаддиён оид ба нигоҳубини дарахтони аз хориҷи кишвар воридшуда, ки дар кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе шинонида шудаанд, қарор ба имзо расонид. Беҳтарин мутассадиён дар се номинатсия – беҳтарини онҳо дар боғу гулгашт, кӯча ва хиёбонҳо бо мукофотпулӣ қадрдонӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи то охири моҳи сентябр муайян кардани беҳтарин мутассаддиён оид ба нигоҳубини дарахтони аз хориҷи кишвар воридшуда, ки дар кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе шинонида шудаанд, қарор ба имзо расонид.

Беҳтарин мутассадиён дар се номинатсия – беҳтарини онҳо дар боғу гулгашт, кӯча ва хиёбонҳо бо мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ба ғолибони ҳар кадоме аз номинатсияҳо 10 ҳазор сомонӣ ва зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан 7 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад.

Барои қадрдонӣ ва ҳавасмандсозии голибони озмун аз буҷети шаҳр дар умум 66 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.

Ба ҳайати комиссияи озмун намояндагони шаҳрдории пойтахт, раисони ноҳияҳои шаҳр ва коршиносони соҳаи экология шомиланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.