Расидем… Рақси ҷавонзани маст аз оинаи қисмати болоии таксӣ

Дар шаҳри Душанбе як ронандаи таксӣ ва мусофирзани он барои ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ зимни ҳаракат дар роҳ ҷазо дода шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, нимашаби 5 август ҳангоми ҳаракати автомашина ҷавонзан дар ҳолати мастӣ аз оинаи қисмати болоии автомашина (люк)-и таксӣ баромада, рақс мекард. “Таассуфовараш […]

Дар шаҳри Душанбе як ронандаи таксӣ ва мусофирзани он барои ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ зимни ҳаракат дар роҳ ҷазо дода шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, нимашаби 5 август ҳангоми ҳаракати автомашина ҷавонзан дар ҳолати мастӣ аз оинаи қисмати болоии автомашина (люк)-и таксӣ баромада, рақс мекард.

“Таассуфовараш он аст, ки ин амали ӯро ронандаи автомашинаи мазкур мушоҳида намуда, эрод нагирифта бо ба вуҷуд овардани ҳолати хатарнок ба идора намудани автомашинаи худ идома додаст”, – омадааст дар хабар.

https://www.youtube.com/watch?v=uSPU81hIavs

Бо қарори суд ба сокини шаҳри Душанбе Фарида Атоеваи 27-сола 5 шабонарӯз ва ронандаи таксӣ Мақсад Раҳматови 26-сола 20 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шуд.

Суд онҳоро ҳамчунин дар халалдор ё вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ низ гунаҳкор донист. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.