Бозгашти 186 шаҳрванди Тоҷикистон аз Истанбул ба Душанбе

Рӯзи 11 август 186 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳо дар Туркия дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати “Сомон Эйр” аз шаҳри Истанбул ба Душанбе баргардонида шуданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мусоидат ба бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан, ки бар асари пандемияи коронавирус дар кишварҳои хориҷӣ дармондаанд, бо дастури ҳукумати […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рӯзи 11 август 186 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳо дар Туркия дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати “Сомон Эйр” аз шаҳри Истанбул ба Душанбе баргардонида шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мусоидат ба бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан, ки бар асари пандемияи коронавирус дар кишварҳои хориҷӣ дармондаанд, бо дастури ҳукумати кишвар сурат мегирад.

Гуфта мешавад, қаблан, 26 июл 174 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз кишварҳои дигар барои баргаштан ба ватан ба шаҳри Истанбул омада буданд, бо ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба Душанбе оварда шуданд.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз замони қатъи алоқаи ҳавоӣ наздики 17 ҳазор тоҷикистониён аз хориҷи кишвар (бо роҳи заминӣ ва ҳавоӣ), аз ҷумла зиёда аз 8 ҳазор нафар аз Русия ба ватан баргардонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.