Норак: Наҷоти зани пистачини аз ҷарии кӯҳ сарозершуда

Зани сокини 47-солаи шаҳри Норак ҳангоми пистачинӣ дар кӯҳи Нор аз ҷарӣ ба поин сарозер шуда, ба ҷуқурии 20-метра меафтад. “Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, бо расидани ин хабар ба нуқтаи навбатдорӣ наҷотбахшони Хадамоти Кумита дар шаҳри Норак ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо ёрии таҷҳизоти кӯҳнавардӣ […]

Зани сокини 47-солаи шаҳри Норак ҳангоми пистачинӣ дар кӯҳи Нор аз ҷарӣ ба поин сарозер шуда, ба ҷуқурии 20-метра меафтад.

“Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, бо расидани ин хабар ба нуқтаи навбатдорӣ наҷотбахшони Хадамоти Кумита дар шаҳри Норак ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо ёрии таҷҳизоти кӯҳнавардӣ занро аз ҷуқурӣ берун оварданд.

“Зани ҷабрдида ба беморхонаи шаҳри Норак интиқол дода шуда, вазъи солимиаш қаноатбахш арзёбӣ мешавад”, – қайд кард Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳодисаи дигари садамаи нақлиёт, ки дар километри 87-уми роҳи мошингарди Душанбе-Данғара-Кӯлоб рух дод, ронанда ва мусофири он – бародари 25-солаи ӯ, ки ҳар ду аз шаҳри Истаравшан мебошанд, осеб диданд.

“Наҷотбахшони Кумита ронанда ва ва мусофири онро аз автомашинаи паҷақшудаи тамғаи “Дулан” берун кашида, ба беморхонаи ноҳияи Данғара интиқол доданд”, – илова кард котиби матбуотии Кумита.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.