“Ковидиот” чист ва дар куҷо пайдо шудааст?

Хуруҷи бемории коронавирус, ки зиндагии мардуми сайёраро ба куллӣ тағйир дод. Дар забони гуфтугӯи мардум истилоҳҳои нав ба нав пайдо шуданд. Дар луғати онлайнии англисӣ ва ибораҳои нодири Urban Dictionary калимаи наве пайдо шуд – ковидиот. Имрӯз мо тасмим гирифтем ба хонандагони “Се нуқта” дар бораи истилоҳи “ковидиот” ва дар куҷо пайдо шудани он маълумоти […]

Се нуқта

Хуруҷи бемории коронавирус, ки зиндагии мардуми сайёраро ба куллӣ тағйир дод. Дар забони гуфтугӯи мардум истилоҳҳои нав ба нав пайдо шуданд. Дар луғати онлайнии англисӣ ва ибораҳои нодири Urban Dictionary калимаи наве пайдо шуд – ковидиот.

Имрӯз мо тасмим гирифтем ба хонандагони “Се нуқта” дар бораи истилоҳи “ковидиот” ва дар куҷо пайдо шудани он маълумоти кӯтоҳе диҳем.

КОВИДИОТ чист?

Ковидиот – калимаи англисии Covidiot буда, он аз пайвасткунии номи вируси Ковид-19 ва калимаи «идиот» (камақл) пайдо шудааст.

Пайдоиши истилоҳи ковидиот ба Италия вобастагӣ дорад. Италия дар Иттиҳоди Аврупо яке аз кишварҳое мебошад, ки коронавирусро хеле мушкил аз сар гузаронид.

Аҳолии ин ҷо беш аз ду моҳ тибқи қоидаҳои қатъии эпидемиологӣ зиндагӣ мекарданд. Онҳо бидуни ниёзҳои махсус аз хона берун намерафтанд ва нафаронеро, ки қоидаҳои ҷориро вайрон мекарданд, ковидиот мегуфтанд.

Раддия. Қобили зикр аст, ки калимаи “идиот” ("камақл") дигар дар тиб истифода намешавад ва таҳқиромез ба ҳисоб меравад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин истилоҳро аз феҳристи расмии бемориҳо хориҷ карда онро ба "нуқсони амиқи рӯҳӣ" иваз кард.

Ковидиот дар луғати англисӣ чунин шарҳ дода шудааст:

– 🦠шахси бепарвое, ки қоидаҳои муқаррарии бехатариро дар замони пандемия риоя намекунад;

– 🦠шахсе, ки бе назардошти ниёзҳои дигарон молро ба миқдори калон харидорӣ мекунад.

Намунаи ҷумлаҳоро бо ин калима бихонед:

Ковидиот “фейк” дар бораи табобати коронавирус бо сирпиёзро ба дигарон фиристод.

Ковидиот манбаи хабарро насанҷида онро тариқи WhatsApp ба дигарон фиристод, ки гӯё шабона бо вертолёт шаҳрро дорӯ мезананд, яъне безарар мегардонанд.

Дар шаҳр бинависед, ки боз бо ин калима чӣ ҷумлаҳоро сохтан мумкин аст?

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.