Чӣ хел маълумоти шахсиро дар интернет метавон ҳифз кард?

Ба наздикӣ маълумоти 250 милион корбар ба дастараси умум афтод, чӣ тавр худро метавон ҳифз кард, дар маводи мо.  Як гурӯҳи ғайридавлатии таҳқиқоти амниятии Бритониё бо номи Comparitech, ошкор кард, ки маълумоти шахсии 235 миллион корбарони Instagram, YouTube ва TikTok дастраси умум гардидааст. Пойгоҳи додаҳо бо суроға, рақамҳои телефон, номҳои воқеӣ ва аксҳои корбарон ба […]

"Се нуқта"

Ба наздикӣ маълумоти 250 милион корбар ба дастараси умум афтод, чӣ тавр худро метавон ҳифз кард, дар маводи мо. 

Як гурӯҳи ғайридавлатии таҳқиқоти амниятии Бритониё бо номи Comparitech, ошкор кард, ки маълумоти шахсии 235 миллион корбарони Instagram, YouTube ва TikTok дастраси умум гардидааст. Пойгоҳи додаҳо бо суроға, рақамҳои телефон, номҳои воқеӣ ва аксҳои корбарон ба дастрасии кушод афтодааст.

❗️ Ҳарчанд ҳама ин маълумоти корбарон бе ин ҳам дастраси омаанд, қоидаҳои ҳар се ширкат истихроҷи маълумотро аз профили корбарон манъ мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, чунин маълумот барои маркетологҳо ва қаллобони интернетӣ хеле арзишманданд. Онҳо метавонанд маълумотро барои таблиғи маҳсулот ё ҳамлаҳои киберӣ ва ё паҳн кардани дезинформатсия истифода баранд.

Коршиносони Comparitech бар он боваранд, ки ба ифшои ин маълумот кормандони Deep Social даст доранд. Ин ширкат соли 2018 пас аз масдуд шуданаш дар Facebook ва Instagram фаъолияташро қатъ карда буд. Deep Social ин иттиҳомро рад мекунад ва бовар дорад, ки ин кори дасти кормандони ширкати Гонконгии Social Data аст, ки ба фурӯши маълумоти блогерҳои машҳур ба ширкатҳои маркетингӣ машғул мебошад.

🧐Чӣ гуна маълумоти худро бояд ҳифз кард?

✅ Гузарвожаҳои (паролҳои) мустаҳкам гузоред. Дар соли 2017 коршиносони ширкати таҳлилии SplashData 5 миллион пароли ҳакеришударо таҳлил карданд. Комбинатсияи "123456" дар рӯйхати калидвожаҳои заифтарин тӯли чанд сол аст дар ҷойи аввал қарор мегирад.

✅ Санҷед, ки оё почтаи шумо шикаста нашудааст. Шумо метавонед инро тавассути сомонаи haveibeenpwned.com анҷом диҳед. Танҳо суроғаи почтаи электронии худро ворид кунед.

✅ Маълумотро дар бораи дӯстони худ ҳифз кунед. Ба барномаҳо дастрасӣ ба рӯйхати тамосҳо (контакты) ё профили дӯстонатонро маҳдуд созед. Қаллобон метавонанд маълумоти дӯстони шуморо барои манипулятсия истифода баранд.

✅ Дастрасиро тавассути AirDrop маҳдуд намоед. Агар шумо iPhone истифода баред, функсияи AirDrop-ро хомӯш кунед, то интиқоли маводи номатлуб тавассути он пешгирӣ карда шавад.

☝️Ба рафтори онлайнии худ аҳамият диҳед, то маълумоти шумо ҳамеша бехатар монанд.

Сарчашмаҳо:
– https://tech.liga.net/…/v-instagram-youtube-i-tiktok-proizo…
– https://www.comparitech.com/…/information…/social-data-leak/
– https://delo.ua/…/10-prostyh-sovetov-o-tom-kak-zaschitit-s…/

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.