Даргузашти модари муҳофизи шахсии президенти Тоҷикистон

Модари Мурод Саидов, сардори хадамоти муҳофизони президенти Тоҷикистон имрӯз дар синни 97-солагӣ аз олам даргузашт. Маросими ҷанозаи марҳум дар ноҳияи Восеъ баргузор шуд. Ӯ дар ҳамин ноҳия зиндагӣ мекард. Дар саҳифаҳои Facebook ба Дилшод Саидзода, набераи ӯ ва писари Мурод Саидов изҳори ҳамдардӣ мекунанд. Дилшод Саидзода вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе мебошад. Мурод Саидов […]

Модари Мурод Саидов, сардори хадамоти муҳофизони президенти Тоҷикистон имрӯз дар синни 97-солагӣ аз олам даргузашт. Маросими ҷанозаи марҳум дар ноҳияи Восеъ баргузор шуд. Ӯ дар ҳамин ноҳия зиндагӣ мекард.

Дар саҳифаҳои Facebook ба Дилшод Саидзода, набераи ӯ ва писари Мурод Саидов изҳори ҳамдардӣ мекунанд. Дилшод Саидзода вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе мебошад.

Мурод Саидов яке аз ҳамсафони содиқтарини президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шуморида мешавад. Аз охири соли 1992 ӯ муҳофизи шахсии президенти ҷумҳурӣ мебошад.

Моҳи август чанде аз ВАО хабар доданд, ки Мурод Саидов ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шуда, лекин ҳоло шифо ёфтааст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.