БОР ба Тоҷикистон 12 тонна воситаҳои муҳофизати инфиродӣ аз коронавирусро таҳвил дод

Date:

Бонки осиёии рушд (БОР) барои кормандони тиббии Тоҷикистон 12 тонна воситаҳои муҳофизати инфиродӣ аз коронавирусро таҳвил дод. Кумак ба дастгирии талошҳо дар мубориза бо сирояти коронавирус равона мегардад.

“Маводи тиббии иборат аз 22 ҳазор корҷомаҳои муҳофизатии андозаҳои гуногун, 8 ҳазор хилъатҳои ҷудонигоҳдоранда ва 175 ҳазор ҷуфт бахил аз Камбоҷа ворид шуданд”, – қайд мешавад дар иттилоияи расмии намояндагии доимии БОР дар Душанбе.

Гуфта мешавад, ин миқдори аввалини маводу маҳсулотест, ки дар доираи гранти барои Тоҷикистон тасдиқшуда дар моҳи июл ба маблағи 928 ҳазор доллар мебошад. Миқдори дуюм ва сеюми кумак то охири моҳи сентябр ва дар моҳи октябр расонида мешавад.

“Грант илова ба кумакҳои зерини пешинаи БОР ба Тоҷикистон дар муқовимат бо COVID-19 мебошад: 50 млн доллар грант барои дастгирии буҷет; 2,5 млн доллар барои вокуниш ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода ва 100 ҳазор доллар грант дар доираи лоиҳаи ҳифзи солимии модарону кӯдакон ва харидории маводи тиббӣ”, – шарҳ дода мешавад дар иттилоияи расмӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...