Арабистони Саудӣ ба баргузории Ҳаҷҷ иҷоза дод

Арабистони Саудӣ барои анҷом додани маросими Ҳаҷҷи умра иҷоза додааст. Дар ин бора дар як иттилоияи оҷилии вазорати дохилаи ин кишвар, ки дар расонаҳо нашр шудааст, хабар дод. Сухангӯйи Кумитаи дини Тоҷикистон Афшини Муқим ҳам ин хабарро дар саҳфаи фейсбуки худ ба иштирок гузоштааст. Ҳоло маълум нест, ки ин тасмим ба маросими аслии Ҳаҷҷ ё […]

Asia-Plus

Арабистони Саудӣ барои анҷом додани маросими Ҳаҷҷи умра иҷоза додааст. Дар ин бора дар як иттилоияи оҷилии вазорати дохилаи ин кишвар, ки дар расонаҳо нашр шудааст, хабар дод. Сухангӯйи Кумитаи дини Тоҷикистон Афшини Муқим ҳам ин хабарро дар саҳфаи фейсбуки худ ба иштирок гузоштааст. Ҳоло маълум нест, ки ин тасмим ба маросими аслии Ҳаҷҷ ё ба таъбири маъмул Ҳаҷҷи фарзӣ низ марбут аст ё не. Дар иттилоияи вазорати дохилаи Саудӣ дар ин мавриди чизе гуфта нашудааст.

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар мувофиқа бо ниҳодҳои беҳдоштии ин кишвар барои аз сар гирифтани ташкили Ҳаҷҷи умра санадеро ба тасвиб расонидааст, ки раванди иҷрои он аз чанд марҳила иборат мебошад. Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон имкон доранд аз 1-уми ноябри имсол ин маросимро ба ҷо биоранд. 

Дар марҳилаи аввал барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва сокинони таҳҷоӣ иҷоза шудааст, ки шурӯъ аз рӯзи якшанбе, 17-уми моҳи сафари соли 1442 ҳ., мутобиқ ба 4-уми октябри соли 2020 (6 ҳазор нафар дар як рӯз, бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ) то 18-уми октябри соли 2020 маросимро адо кунанд.

Дар марҳилаи дувум барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва сокинони таҳҷоӣ шурӯъ аз рӯзи 18-уми октябри соли 2020 (15 ҳазор умракунанда ва 40 ҳазор намозгузор дар як рӯз) то 01-11-2020 иҷоза дода шудааст.

Шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистонимкон доранд ҳамроҳ бо шаҳрвандони Арабистони Саудӣ шурӯъ аз 1-уми ноябри соли 2020 (20 ҳазор нафар умракунанда ва 60 ҳазор намозгузор дар як рӯз) то ба охир расидани хатари бемории сироятии "КОВИД-19" ин маросими барои мусалмонон муқаддасро анҷом диҳанд.

Афшини Муқим дар суҳбат бо "Азия-Плюс" гуфт, ки шарту шароити умракунандагони тоҷикро Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз каронавирус дар Тоҷикистон бо ширкатҳое, ки сафари умраи зоирини тоҷикро созмондеҳӣ мекунанд, мушаххас хоҳанд кард. 

Ёддовар мешевем, ки бар асари хуруҷи коронавирус ҳукумати Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро ба кишвар барои адои маросими ҳаҷи умра муваққатан манъ кард.

Тавре хабаргузории РИА Новости иттилоъ дода буд, вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ  дар Twitter  навиштааст, ки “вуруд ба шоҳигарӣ бо мақсади адои маросими ҳаҷи умра ва боздид аз ал-Масҷид ан-Набавӣ (Масҷиди Паёмбар) муваққатан боздошта шуд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.