Дар ҳукумат сабаби боз нашудани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошкандро шарҳ доданд

То замоне, ки Тошканд алоқаи ҳавоиро бо кишварҳои Осиё ва Аврупо барқарор накунад, парвозҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз сар гирифта намешаванд, изҳор дошт ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ. “Гап сари он аст, ки аксарияти мусофирони хатсайри Душанбе-Тошканд, шахсоне мебошанд, ки бо истифода аз фурудгоҳи пойтахти Ӯзбекистон тариқи транзит ба дигар давлатҳои Аврупо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

То замоне, ки Тошканд алоқаи ҳавоиро бо кишварҳои Осиё ва Аврупо барқарор накунад, парвозҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз сар гирифта намешаванд, изҳор дошт ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

“Гап сари он аст, ки аксарияти мусофирони хатсайри Душанбе-Тошканд, шахсоне мебошанд, ки бо истифода аз фурудгоҳи пойтахти Ӯзбекистон тариқи транзит ба дигар давлатҳои Аврупо ва Осиё, инчунин ИМА сафар мекунанд”, – қайд кард манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон аз Ӯзбекистон чунин парвозҳо иҷро карда намешаванд ва “ҳеҷ яке аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ бар зиёни худ парвозҳоро бо хатсайри Душанбе – Тошканд анҷом намедиҳад”.

“Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки парвозҳо байни давлатҳо пас аз барқарор шудани хатсайрҳои ҳавоӣ аз Ӯзбекистон ба дигар кишварҳои ҷаҳон барқарор хоҳанд шуд”, – илова кард манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки аз 8 октябр парвозҳо тариқи хатсайри Душанбе – Истанбул – Душанбе ва аз нимаи моҳи октябр бо Чин барқарор мешаванд. Роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода зикр кард, ки масъалаи парвозҳои мустақим миёни Душанбеву Тошканд ҳам мавриди бозбинии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.