“Авесто гуруҳ” автобусҳои Хуҷандро ҳам ба низоми кортӣ мегузаронад

Date:

Қарор аст аз оғози ҳафтаи нав автобусҳои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ низоми пардохти электронии роҳкиро ё низомӣ кортӣ гузаранд. Дар сурати роҳандозии ин низом Хуҷанд баъди Душанбе дувумин шаҳре дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки ба низоми кортии пардохти роҳкиро хоҳад гузашт.

Низоми нави пардохтро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд низ ширкати “Авесто гурӯҳ” роҳандозӣ мекунад, ки низоми кортии нақлиёти ҷамъиятии Душанбе ҳам марбути он мебошад.

Абдуҷалил Бобоҷонов, роҳбари гуруҳи татбиқи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ” дар шаҳри Хуҷанд ба “Азиа-Плюс” гуфт, ки онҳо барои гузаштан ба низоми нави пардохти роҳкиро омодаанд ва эҳтимол аст баъд аз 12 октябр ин низом фаъол шавад. Ба гуфтаи Абдуҷалил Бобоев, масъули “Авесто гурӯҳ” дар Хуҷанд ин ширкат тасмими дорад барои 120 ҳазор мусофири нақлиёти ҷамъиятии ин шаҳр кортҳои пардохти роҳкиро пешниҳод кунад.

Ба гуфтаи масъулони ин тарҳ дар назар аст, ки баъди роҳандозии ин низом нархномаҳо аз се номгӯй ба дуто коҳиш дода шаванд:

“Ҳоло автобусҳои ҷамъиятӣ  бо се намуди нархнома кор карда истодаанд. Дохилишаҳрӣ 1 сомонӣ, берун аз шаҳр то назди бозори “Сомон” 1,50 сомонӣ ва аз бозори “Сомон” то шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2 сомонӣ аст. Дар системаи корти электиронӣ ду нархнома ҷойгир шудааст, дохилишаҳрӣ то бозори “Сомон” ба андозаи 1 сомонӣ ва аз ҳудуди ин бозор то шаҳрҳои болозикр 2 сомонӣ мешавад”.

Масъулини ин ширкат бар ин боваранд, ки бо пиёда кардани низоми нав онҳо шаффофият дар кори нақлиёти ҷамъиятиро ҷорӣ мекунанд.

Ду сол қабл ба шаҳри Хуҷанд беш аз 100 адад автобус ворид шуд ва ҳоло қисме аз он дар хатсайри дохилишаҳрӣ ва масири шаҳрҳои канорӣ ҳаракат мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...