Вокуниши РВКД: навори “ParvizTV” “облава” набуд

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба навори нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе расонаҳо, ки дар он  ҷавоне гӯё маҷбурӣ “облава” мешуд вокуниш кард. Ин ниҳод хабар медиҳад, ки ҷавони дар наворбуда на барои “облава”, балки барои дар сари роҳ ба талбандагӣ машғул шудан, аз сӯйи пулис, аз канори роҳ берун кашида мешуд.  Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри […]

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба навори нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе расонаҳо, ки дар он  ҷавоне гӯё маҷбурӣ “облава” мешуд вокуниш кард. Ин ниҳод хабар медиҳад, ки ҷавони дар наворбуда на барои “облава”, балки барои дар сари роҳ ба талбандагӣ машғул шудан, аз сӯйи пулис, аз канори роҳ берун кашида мешуд. 

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе  рӯзи 6-уми октябри соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ва расонаҳои хабарӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз роҳи мошингард баровардани 1 нафар ҷавонписар бо як нафар ҷавондухтар аз ҷониби ду нафар корманди пулис инъикос ёфтааст. Муаллифи навор ҳодисаи мазкурро «ҳолати ба таври маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардани ҷавонписар (ба истилоҳ облава)» шарҳ дода, баъдан ба як қатор расонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн намудааст.

РВКД мегӯяд, ки зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуда, ки шахсони дар навор буда,  Бадриддин Пардаев санаи таваллудаш 1993 ва ҳамсраш Озода Халосоваи 25-сола сокинони шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Тулдара, деҳаи Баҳор оиладор, соҳиби 3 фарзанд будаанд.

Ҳодиса санаи 30 сентябри соли ҷорӣ, дар рӯ ба рӯи бинои Шарқи Озод, дар роҳи мошингард ҳангоми машғул шудани Пардаев ва ҳамсараш рух додааст, ки кормандони пулис хостаанд Бадриддин Пардаевро аз роҳи мошингард дур кунанд. Ба гуфтаи пулиси Душанбе "дар ин лаҳза ҳамсари ӯ Озода Халосова монеи амалкарди кормандони милитсия гардида, намегузорад ки кормандони милитсия ӯ ва шавҳарашро аз роҳи мошингард ба канори роҳ бароранд".

РВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд ҳодисаро ронанда Насимҷон Латипови 26-сола, ки ба василаи телефони мобилиаш сабт карда будааст, "бо гузашти 6-7 рӯз навори онро носанҷида ба таври иғвоангезӣ ҳамчун «ҳодисаи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан (облава)» бозтоб дода, тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва ирсол намудан ба расонаҳои хабарӣ дар шабакаи Интернет паҳн намудааст".

Ба навиштаи  пулиси Душанбе "худи ронанда изҳор намудааст, ки ҳодиса санаи 30 сентбяр рух дода буд, ки ҳатто дар ин руз даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз нагардида, муаллифи навор дидаю дониста ин хабари бардуруғро ҳамчун ҳодисаи «облава» паҳн намудааст".

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.