Бонки ҷаҳонӣ афзоиши камбизоатиро дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ пешгӯйӣ мекунад

Иқтисоди кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ соли 2020 ба андозаи 1,7% кам мешавад ва ин ҳам дар муқоиса бо сатҳи 4,9% -и афзоиш дар соли гузашта. Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ “Шарҳи иқтисод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ: COVID-19 ва сармояи инсонӣ” қайд мешавад, ки  пандемияи коронавирус ба кишварҳои минтақа ба таври гуногун таъсир расонид. Гуфта мешавад, […]

Иқтисоди кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ соли 2020 ба андозаи 1,7% кам мешавад ва ин ҳам дар муқоиса бо сатҳи 4,9% -и афзоиш дар соли гузашта.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ “Шарҳи иқтисод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ: COVID-19 ва сармояи инсонӣ” қайд мешавад, ки  пандемияи коронавирус ба кишварҳои минтақа ба таври гуногун таъсир расонид.

Гуфта мешавад, соли ҷорӣ поинравии иқтисод дар Қазоқистон ба андозаи 2,5% ва Қирғизистон – 5,5% пешбинӣ мешавад. Дар Тоҷикистону Ӯзбекистон поинравӣ сурат нагирифта, лекин суръати афзоишии ММД начандон назаррас хоҳанд буд: 1,6% дар Тоҷикисто ва 0,6% дар Ӯзбекистон. Ин нишондиҳандаҳо соли гузашта мутаносибан 7,5% ва 5,6%-ро ташкил медоданд.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки мушкилиҳои иқтисодии бар асари пандемия пайдошуда ба афзоиши сатҳи камбизоатӣ дар ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ боис мегарданд.

“Бо ҳисоби ҳадди камбизоатӣ 3,20 доллар дар як рӯз то 1,4 млн нафар дар сафи аҳолии камбизоат қарор гирифта метавонанд”, – пешгӯйӣ кардаанд онҳо.

Муаллифони гузориш таъкид месозанд, ки соли 2021 афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохлии Тоҷикистон ба 3,7% расида метавонад.

“Аммо ин пешгӯйӣ ба дастовардҳо дар таҳияи ваксина ё дору аз COVID-19, инчунин барқарор шудани ҳаҷми интиқоли маблағ ва суръати савдои беруна вобаста хоҳад буд”, – қайд мешавад дар гузориш.

Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, шумори аҳолии камбизоате, ки бо камтар аз 1,9 доллар дар як рӯз зиндагӣ мекунанд, бори нахуст баъди 20 сол то ба 150 млн нафар расида метавонад.

Соли гузашта сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон чунин буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.