“Авесто гуруҳ” автобусҳои Хуҷандро ҳам ба низоми кортӣ мегузаронад

Қарор аст аз оғози ҳафтаи нав автобусҳои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ низоми пардохти электронии роҳкиро ё низомӣ кортӣ гузаранд. Дар сурати роҳандозии ин низом Хуҷанд баъди Душанбе дувумин шаҳре дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки ба низоми кортии пардохти роҳкиро хоҳад гузашт. Низоми нави пардохтро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд низ ширкати “Авесто гурӯҳ” […]

Қарор аст аз оғози ҳафтаи нав автобусҳои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ низоми пардохти электронии роҳкиро ё низомӣ кортӣ гузаранд. Дар сурати роҳандозии ин низом Хуҷанд баъди Душанбе дувумин шаҳре дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки ба низоми кортии пардохти роҳкиро хоҳад гузашт.

Низоми нави пардохтро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд низ ширкати “Авесто гурӯҳ” роҳандозӣ мекунад, ки низоми кортии нақлиёти ҷамъиятии Душанбе ҳам марбути он мебошад.

Абдуҷалил Бобоҷонов, роҳбари гуруҳи татбиқи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ” дар шаҳри Хуҷанд ба “Азиа-Плюс” гуфт, ки онҳо барои гузаштан ба низоми нави пардохти роҳкиро омодаанд ва эҳтимол аст баъд аз 12 октябр ин низом фаъол шавад. Ба гуфтаи Абдуҷалил Бобоев, масъули “Авесто гурӯҳ” дар Хуҷанд ин ширкат тасмими дорад барои 120 ҳазор мусофири нақлиёти ҷамъиятии ин шаҳр кортҳои пардохти роҳкиро пешниҳод кунад.

Ба гуфтаи масъулони ин тарҳ дар назар аст, ки баъди роҳандозии ин низом нархномаҳо аз се номгӯй ба дуто коҳиш дода шаванд:

“Ҳоло автобусҳои ҷамъиятӣ  бо се намуди нархнома кор карда истодаанд. Дохилишаҳрӣ 1 сомонӣ, берун аз шаҳр то назди бозори “Сомон” 1,50 сомонӣ ва аз бозори “Сомон” то шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2 сомонӣ аст. Дар системаи корти электиронӣ ду нархнома ҷойгир шудааст, дохилишаҳрӣ то бозори “Сомон” ба андозаи 1 сомонӣ ва аз ҳудуди ин бозор то шаҳрҳои болозикр 2 сомонӣ мешавад”.

Масъулини ин ширкат бар ин боваранд, ки бо пиёда кардани низоми нав онҳо шаффофият дар кори нақлиёти ҷамъиятиро ҷорӣ мекунанд.

Ду сол қабл ба шаҳри Хуҷанд беш аз 100 адад автобус ворид шуд ва ҳоло қисме аз он дар хатсайри дохилишаҳрӣ ва масири шаҳрҳои канорӣ ҳаракат мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.