То охири ҳафта ҳаракати нақлиёт дар маркази Душанбе маҳдуд мешавад

Раиси шаҳри Душанбе ба манъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар майдони “Дӯстӣ” аз соати 18 то 23:30 то охири моҳи октябр барои омодагӣ ба сафороӣ иҷоза дод. Гузашти низомӣ дар Душанбе ба муносибати маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар майдони “Дӯстӣ” пеш […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе ба манъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар майдони “Дӯстӣ” аз соати 18 то 23:30 то охири моҳи октябр барои омодагӣ ба сафороӣ иҷоза дод.

Гузашти низомӣ дар Душанбе ба муносибати маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар майдони “Дӯстӣ” пеш аз гузашти низомӣ, ки рӯзи 30 октябр пешбинӣ гардидааст, манъ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Ёдрас мекунем, ки қариб тамоми моҳи октябр дар майдони “Дӯстӣ” ба ин гузашт омодагӣ ҷараён дошт ва дар ин робита ҳаракати автомашинаҳо шомгоҳон аз соати 19 то 22 қариб дар тамоми маркази пойтахт қатъ мешуд.

Гузашти низомиро вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-полковник Шералӣ Мирзо қабул карда, ба сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, президенти Тоҷикистон генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар бораи омодагии ҳудуди 8 ҳазор сарбозону афсарони гарнизони Душанбе ба сафороӣ гузориш медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.