Мутахассис: Барқкушӣ ба корҳои таъмир вобаста нест

Ширкати “Барқи тоҷик” итминон медиҳад, ки баъзан вақт қатъ шудани интиқоли барқ ба корҳои санҷишу таъмир вобаста буда, дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) ҷорӣ нашудааст. Қобили зикр аст, ки беш аз 10 рӯз инҷониб дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон интиқоли барқ қатъ мешавад: дар баъзе ҷойҳо аз соати 08:00 то 18:00, дар ҷойи дигар […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ширкати “Барқи тоҷик” итминон медиҳад, ки баъзан вақт қатъ шудани интиқоли барқ ба корҳои санҷишу таъмир вобаста буда, дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) ҷорӣ нашудааст.

Қобили зикр аст, ки беш аз 10 рӯз инҷониб дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон интиқоли барқ қатъ мешавад: дар баъзе ҷойҳо аз соати 08:00 то 18:00, дар ҷойи дигар – аз 07:00 то 18:00 ва бархе шабона аз барқ маҳрум мешаванд. Дар маҳалҳо ин ҳолатро ба мардум шарҳ намедиҳанд.

“Обро сарфа мекунанд”

Энергетики тоҷик Камолиддин Сироҷиддинов ба шарҳу тавзеҳҳои “Барқи тоҷик” дар ин бора бовар надорад.

“Дар ширкат мегӯянд, ки корҳои санҷишу таъмир ҷараён дорад, лекин мушаххасан дар кадом зеристгоҳу хати интиқоли барқ, дар кадом минтақа гузаштани ин корҳоро номбар намекунанд.

Ба фикрам, да низоми энергеткии кишвар ҳамааш хуб аст, мушкил норасоии об мебошад. Моҳҳои охир дар Тоҷикистон боришот набуд, дар минтақаҳои баландкӯҳ барф меборад, ҳарорат сард буда, барф об намешавад ва дарёҳо камоб шуданд. Агар мо ҳозир обро аз обанбори Норак зиёд истифода барем, пас моҳҳои феврал-март он ба охир мерасад ва ба мушкилоти ҷиддӣ дучор хоҳем шуд”, – мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ҳадди ниҳоӣ се агрегати неругоҳи Норак кор карда, агрегатҳои боқимонда махсусан барои сарфаи об барои зимистон аз кор боздошта шудаанд.

“Ҳаҷми ҳадди ақали об, ки базӯр барои кори ду агрегати неругоҳи Роғун кифоя аст, баъдан дар ҳаҷми начандон зиёд ба обанбори Норак омада мерасад. Барои таъмини пурраи кишвар бо барқ кори 6-7 агрегати неругоҳи Норак лозим аст”, – шарҳ медиҳад Сироҷиддинов.

Ба бовари мутахассис, бо оғози боришот ва афзоиши ҳаҷми маҷрои об вазъ ба эътидол хоҳад омад.

“Айни замон ТАЛКО ҳаҷми ҳадди ақали барқро истифода мекунад. Он ҷо аксари электродҳо кор намекунанд, аз ин рӯ, барқ бояд барои ҳама кифоя бошад”, – қайд кард ӯ.

Пинҳон доштан чӣ лозим аст?

Ба ақидаи коршинос, амали ширкати “Барқи тоҷик”-ро аз як тараф дуруст ҳам арзёбӣ кардан лозим аст.

“Ҳозир нисбатан гарм буда, барои аҳолӣ осонтар аст. Агар моҳҳои январ-феврал ҳаво хунук шуда, об нашавад, он замон хеле душвор хоҳад шуд. Намефаҳмам, ки чаро онҳо инро намегӯянду шарҳ намедиҳанд?”, – савол медиҳад коршинос.

Ӯ хотиррасон намуд, ки ҳукумат як сол пеш дар бораи тадбирҳо дар давраи зимистони имсола қарор қабул кард. Тасмим гирифта шуд, ки ба мавсими зимистон бояд ҳамаҷониба омодагӣ гирифт, яъне дар ин давра низом бояд аллакай дар ҳолати коршоям қарор дошта бошад: “Аз ин рӯ, такрор мекунам, мутмаинам, ки сабаб мушкили камбуди об аст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.