Shabaka: дар интернет чӣ гапҳо. Барномаи нави Asia-Plus

Бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ – ин як ҷаҳони дигар аст, ки дар он ҷо ҳазорон одам “мезияду” “фаъолият” менамояд. Миллионҳо дигарон бошанд, онҳоро пайгирӣ мекунанду аз фаъолияташон баҳра мебаранд. Ҳамчунин ҳастанд шахсоне, ки серкоранду вақт барои тамошову пайгирӣ надоранд. Аммо онҳо низ мехоҳанд аз хабарҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳ бошанд. Ва инак, мо барномаи тозаеро баҳри […]

Asia-Plus

Бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ – ин як ҷаҳони дигар аст, ки дар он ҷо ҳазорон одам “мезияду” “фаъолият” менамояд. Миллионҳо дигарон бошанд, онҳоро пайгирӣ мекунанду аз фаъолияташон баҳра мебаранд. Ҳамчунин ҳастанд шахсоне, ки серкоранду вақт барои тамошову пайгирӣ надоранд. Аммо онҳо низ мехоҳанд аз хабарҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳ бошанд.

Ва инак, мо барномаи тозаеро баҳри шумо пешкаш мекунем – ҳар ҳафта барандаи дилбари мо Фарангез Шозедова барои шумо хабарҳои заруру ҷолибро аз шабакҳои иҷтимоӣ ҷамъ оварда, тӯли 10 дақиқа ба шумо қисса мекунад. Танҳо он чӣ, ки шумо мехоҳед, танҳо “шираи гап”!

Ва инак, имрӯз дар барнома:

Рафаэл ва Шоира боз нимбараҳна – ин маротиба бо хилъатҳои хонагӣ.

Ҳамкории Абдурозиқу Баронро як сол шуд. Оё рэпсаро наврасро истифода бурд?

Мансур Нигматов ба хонаи пиронсолон кӯмак кард.

Овозхонони шинохта дар сирк – ин дам ҳамчун акробат.

Нуриддин Давронов либос бо номи худаш истеҳсол мекунад.

Гив чист ва блогерон туҳфаҳои гаронро барои бозӣ (ё худ «розигриш») аз куҷо дастрас мекунанд?

Ин ва дигар хабарҳо – дар барномаи мо! Ин ҷо бубинед:

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.