Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи Тоҷикистон даҳсолагии таъсисёбии худро ҷашн мегирад.
Чӣ тавре ки ҳамоҳангсози хадамоти мониторинги ассотсиатсия Абдуфаттоҳ Воҳидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар робита ба ин ҷашн АМВАОТ имрӯз дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон нишасти хабарӣ созмон медиҳад. «Дар ҷараёни нишасти хабарӣ аз фаъолияти 10-солаи ассотсиатсия натиҷагирӣ шуда, стратегияи минбаъдаи кори АМВАОТ дар соҳаи ВАО мушаххас хоҳад гардид», – изҳор дошт А.Воҳидов.
Ба гуфтаи А.Воҳидов, барои иштирок дар нишасти хабарӣ намояндагони васоити ахбори умуми ватанӣ ва хориҷӣ, ташкилотҳои давлативу созмонҳои ҷамъиятӣ ва байнулмилалӣ даъват карда шудаанд.


