Даргузашти Ином Усмонӣ: “Ӯ сирри фаъолияти хизматчиёни ҳукумат”-ро медонист.

Date:

Мудири шӯъбаи умумӣ ва корҳои махсуси дастгоҳи раиси вилояти Суғд Ином Усмонӣ дар 62 солагӣ, рӯзи 11 ноябр аз олам даргузашт. Ӯ яке аз нафароне, буд, ки қисми зиёди умри худро дар вазифаҳои гуногуни ҳукумати Суғд гузаронид. Усмонӣ, қаблан мудири Шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси Суғд низ буд.

Яке аз дӯстони Ином Усмонӣ дар сӯҳбат бо Азия-Плюс гуфт, ки марҳум давоми 20 рӯзи ахир дар Бемористони клиникавии вилояти Суғд, ки асосан барои беморони дучори коронавирус пешбинӣ шудааст бистарӣ буд.

“Панҷ соли охир дар як ҷой кор кардем. Давоми 20-рӯзи охир дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бистарӣ буданд. Дар яксол як бор дар Беморхонаи касалиҳои дил табобат мегирифтанд. Маълумоте, ки мо дорем дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бо оризаҳои шамолхӯрии роҳи нафас бистрӣ гуфтанд. Мутахассиси хуб буданд ва асрори фаъолияти меҳнатии хизматчии давлатиро хуб медонистанд”,- гуфт ӯ.

Ином Усмонӣ 9 сентябри соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1980 Донишгоҳи давлатии  Саратовро бо ихтисоси забон ва адабиёти рус хатм намуда, солҳои 1980-1983  ҳамчун устоди кафедраи инкишофи нутқи шифоҳии русии Донишгоҳи давлатии Хуыанд корро оғоз кардааст. Солҳои 1983-1984 мудири шӯъбаи Марказии илмию методии идораи фарҳанги кумиҷроияи вилоятӣ, 1984-1985    омӯзгори забон ва адабиёти руси мактаби миёнаи № 20-и ноҳияи Ғафуров, 1985-1989  котиби комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи деҳаи Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, 1989-1991  омӯзгори забон ва адабиёти руси мактаби миёнаи № 20-и ноҳияи Ғафуров буд.

Солҳои 1993-1997 мутахассис – мудири бахши ташрифот, сармутахассис, муовини мудир, мудири шӯъбаи ташкилию кор бо кадрҳои ҳукумати вилояти Суғд, 1997-1997  мудири шӯъбаи якум ва кадрҳои Иттиҳодияи нақлиётӣ, 1999-2002   муовини мудири шӯъбаи ташкилию кор бо кадрҳои ҳукумати вилоят, 2002-2007 мудири шӯъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилоят, 2007-2008  сардори Раёсати ташкилии дастгоҳи раиси вилоят буд.

Соли 2009 сармутахассиси шӯъбаи маъмурии дастгоҳи раиси вилоят, солҳои 2009-2011 сармутахассис оид ба корҳои махсуси дастгоҳи раиси вилоят, соли 2011 мудири шӯъбаи умумӣ ва корҳои махсуси дастгоҳи раиси вилоят фаъолият бурдааст. Солҳои 2011-2015 мудири шўъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилоят,  аз соли 2015 то январи 2018 мудири шӯъбаи кадрҳои ҳукумати Суғд ва аз соли 2018 то рӯзи марг  Мудири шӯъбаи умумӣ ва корҳои махсуси дастгоҳи раиси вилояти Суғд буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...