КҲФ маҳдуд кардани ҳаракати безаруратро тавсия медиҳад

Дар робита бо пешгӯии бад шудани вазъи обу ҳаво, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд. Ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ низ қоидаҳои бехатарӣ ва ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд. Ба ронандагоне, ки дар чунин рӯзҳо қасди сафар доранд, Кумита […]

Asia-Plus

Дар робита бо пешгӯии бад шудани вазъи обу ҳаво, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд. Ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ низ қоидаҳои бехатарӣ ва ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд.

Ба ронандагоне, ки дар чунин рӯзҳо қасди сафар доранд, Кумита чунин тавсияҳо медиҳад:

– мошини худро тафтиш кунед, ки нуқсе надошта бошад;

– батареяи акумляторро иваз  кунед;

– чархҳои тобистониро бо зимистона табдил кунед, мошинҳои боркаши калонро бо занҷирҳои зидди яхбандӣ таъмин намоед, вақте мехоҳед ба сафар бароед, худро омодаи ҳар гуна офатҳо дар роҳҳоӣ куҳӣ кунед;

– дар бордони мошинатон сарулибоси гарм, фонус, бели хурд, трос, бушкаи эҳтиётии  пур аз сӯзишворӣ, гӯгирд, термоси пур аз об ё чойи гарм гузоред;

– дорухонаи мошинатонро нав кунед;

– бо суръате мошин ронед, ки бехатариро дар ҷойҳои сермошину серодам, назди мактабҳо, хамгаштҳо, пулҳо ва нишебиҳо таъмин созад;

 – ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои куҳӣ назар аз ҳолатҳои маъмулӣ масофаро бештар риоя кунед, хеле дур аз мошинҳои дигар ҳаракат кунед, то дар ҳоли зарурат тавонед мошини худро бехтар нигоҳ доред, бахусус дар роҳҳои лағжонак мушкилоти ҳаракат бештар аст;

– агар шумо натавонистед мошинатонро ба зимистон омода созед ва ё ин гуна имкон надоред, пас хуб мешуд аз сафарҳо худдорӣ варзед;

– тавсияҳои кормандони ВКД, КҲФ-ро дар мавриди  маҳдуд намудани ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогонаи роҳ ҳангоми мавҷудияти эҳтимолияти лағзиши трама, сангрезиш иҷро намоед;

– ҳаракатро шабонгаҳон маҳдуд кунед.

Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар остонаи вуруди сардиҳо, бахусус ҳангоми дарёфти хабари барфу борон дар куҳҳо ҳаракати безарурати худро маҳдуд кунанд, аз гузаронидани корҳои саҳро ва рафтан ба шикор дар манотиқи куҳӣ худдорӣ намоянд.

Ҳушдор дода мешавад, ки бинобар вазиши сахти бод ва бориши барфи тар хароб шудани хатҳои барқ, эҳтимоли афтидани дарахтон, вайрон шудан ва ба замин задани пояҳои сустниҳоди рекломҳо вуҷуд дорад.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 18 ноябр то 21 ноябри соли 2020 ҳаво сард мешавад, дар водиҳо борон меборад ва он ба барфи тар бадал мешавад.

Дар баъзе минтақаҳои  доманакӯҳ ва кӯҳҳо барфи шадид меборад. Шамол дар як сония 17-22 метр мевазад. Дамои ҳаво рӯзона дар водиҳо то 6 ° С сард хоҳад буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.