Кумитаи сохтмон: биноҳои баландошёна дар кишвар барои сарфаи замин сохта мешаванд

Зимни як конфронси байнулмилалӣ тариқи онлайн муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Шаҳноз Раҳматуллозода изҳор дошт, ки тайи солҳо охир нақшаҳои генералии беш аз 90% шаҳру маркази ноҳияҳо таҳия ва тасдиқ шудаанд. “Дар ҳамин ҳол, дар робита ба 93%-и қаламрави Тоҷикистонро ташкил додани кӯҳҳо, бо мақсади сарфаи замин тасмим гирифта шуд, ки […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Зимни як конфронси байнулмилалӣ тариқи онлайн муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Шаҳноз Раҳматуллозода изҳор дошт, ки тайи солҳо охир нақшаҳои генералии беш аз 90% шаҳру маркази ноҳияҳо таҳия ва тасдиқ шудаанд.

“Дар ҳамин ҳол, дар робита ба 93%-и қаламрави Тоҷикистонро ташкил додани кӯҳҳо, бо мақсади сарфаи замин тасмим гирифта шуд, ки зимни сохтмон ба биноҳои баландошёна афзалият дода шавад”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар пойтахти ҷумҳурӣ хонаҳои 2-4-ошёна тахриб шуда, ба ҷойи онҳо биноҳои муосири аз 9 то 18-ошёна, инчунин биноҳои 25-30-ошёнаи таъиноти маъмурӣ-ҷамъиятӣ сохта мешаванд.

Раҳматуллозода ҳамчунин хабар дод, ки аксарияти маҳаллаҳои аҳолинишини кишвар дар қитъаҳои аз лиҳози рух додани офатҳои табиӣ хавфнок ҷойгиранд.

“Аз ин рӯ, татбиқи лоиҳаҳо бо риояи комили тамоми регламентҳои техникӣ, қоидаҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ва экологӣ, талаботи бехатарии сӯхтор, хавфи радиатсионӣ, инчунин эмин нигоҳ доштани иншооти аз лиҳози таърихиву фарҳангӣ арзишманд муҳим аст”, – таъкид дошт ӯ.

Дар доираи кори конфронс дар бораи дастовардҳои беҳтарину ҷолиби кишварҳои узви конфронс дар соҳаи сохтмону меъморӣ маълумот дода шуд.

Ба сафи чунин лоиҳаҳои меъмории минтақаи Осиёи Марказӣ иншооти зерин номбар шуданд: Маҷмааи савдо ва фароғати Хон Шатир (Нур-Султон, Қазоқистон); Театри опера ва балети ба номи Алишер Навоӣ (Тошканд, Ӯзбекистон); Кохи “Рӯҳиёт” (Ашқобод, Туркманистон); Мақбараи Қумбези Манас (Талас, Қирғизистон) ва  Маҷмааи боғи мавриди бунёёд қарордоштаи “Истиқлол” (Душанбе, Тоҷикистон).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.