Ӯзбекистон ҳам нишастҳои солинавии кормандонро манъ кард

Date:

Дар Ӯзбекистон баргузории шабнишиниҳои солинавӣ барои кормандони мақомоти давлатӣ манъ карда шуд, хабар медиҳад хабаргузории Podrobno.uz бо истинод ба қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, ба муассисаҳои давлатӣ тавсия дода шуд, ки маблағҳоие, ки барои ин чорабиниҳо дар назар гирифта шудаанд ба рушди маориф, тандурустӣ, ятимхонаҳо ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ равона кунанд.

«Ҷолиб аст, ки манъкунӣ баргузории чорабиниҳои идона дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ки бо иштироки 30 нафар бо риояи қатъии талаботи санитарӣ баргузор мегарданд, дахл надорад», – менависад манбаъ.

Инчунин, бо қарори комиссияи махсус дар биноҳои муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактабҳои миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо иштироки мактаббачагон, хонандагон ва донишҷӯён ташкил ва гузаронидани ҷашнҳои гуногун манъ аст.

«Аз сокинони Ӯзбекистон даъват ба амал оварда шуд, ки Соли навро дар ҳалқаи оила ҷашн бигиранд»- гуфта мешавад дар қарор.

Нишасти Арчаи анъанавии солинавии президентӣ-кӯдакон, имсол танҳо барои кӯдакони ятимхонаҳо баргузор мешавад. Ҳамзамон, дар марказҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ арчаҳои солинавӣ танҳо дар фазои кушод насб карда мешаванд.

Инчунин, ба мақомоти масъул супориш дода шуд, ки назоратро аз болои риояи қатъии маҳдудиятҳои карантинӣ дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва дигар муассисаҳои хӯрокворӣ (масофаи иҷтимоӣ ҳангоми ҷойгиркунии муштариён, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, тӯйҳо ва маросимҳои оилавӣ барои на зиёда аз 30 нафар, инчунин безарагардонӣ бо маводи зиддиуфунӣ пурзӯр кунанд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон низ бинобар бемории коронавирус Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ба сокинон тавсия дода аст, ки соли навро дар канори оила ҷашн бигиранд ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои солинавӣ манъ гардид. Инчунин насб гардидани арчаи солинавӣ дар маркази пойтахт низ манъ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...