Ду бозигари мунтахаби футболи Тоҷикистон ба дастаҳои Ӯзбекистон ва Малайзия гузаштанд

Ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон ва тими “Истиқлол”-и Душанбе Шериддин Бобоеви 21-сола минбаъд дар дастаи “Пенанг” дар Суперлигаи Малайзия ҳунарнамоӣ мекунад. Худи Шериддин Бобоев дар саҳифааш дар Instagram тасдиқ кардааст, ки ояндаи наздик барои имзои қарордод бо ин даста ба Малайзия меравад. Маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон ва капитани […]

Ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон ва тими “Истиқлол”-и Душанбе Шериддин Бобоеви 21-сола минбаъд дар дастаи “Пенанг” дар Суперлигаи Малайзия ҳунарнамоӣ мекунад.

Худи Шериддин Бобоев дар саҳифааш дар Instagram тасдиқ кардааст, ки ояндаи наздик барои имзои қарордод бо ин даста ба Малайзия меравад.

Маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон ва капитани дастаи “Хатлон”-и Бохтар Умарҷон Шарипов низ дар мавсими соли 2021 дар ҳайати дастаи Суперлигаи Ӯзбекистон – “Тӯрон” (Яйпан) бозӣ хоҳад кард, ки бори аввал ба Лигаи олии футболи ин кишвар роҳхат гирифтааст.

Раиси дастаи “Хатлон” Исроил Шарипов гузаштани футболбозро ба ин даста тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки “Тӯрон” бо Умарҷон Шарипов ба муҳлати як сол қарордод ба имзо расонидааст.

Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи 2 январ ба ҳайати тими нави худ ҳамроҳ мешавад.

Дар мавсими соли 2020 Умарҷон Шарипов дар ҳайати “Хатлон” ба задани 5 тӯб дар Чемпионати Тоҷикистон ноил гардид. Моҳи сентябри соли гузашта дар вохӯрӣ бо мунтахаби Ӯзбекистон (1:2) ӯ бозии аввалини худро дар тими мунтахаб гузаронид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.