Ӯзбекистон ҳам нишастҳои солинавии кормандонро манъ кард

Дар Ӯзбекистон баргузории шабнишиниҳои солинавӣ барои кормандони мақомоти давлатӣ манъ карда шуд, хабар медиҳад хабаргузории Podrobno.uz бо истинод ба қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ. Бино ба иттилои манбаъ, ба муассисаҳои давлатӣ тавсия дода шуд, ки маблағҳоие, ки барои ин чорабиниҳо дар назар гирифта шудаанд ба рушди маориф, тандурустӣ, ятимхонаҳо ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ равона кунанд. «Ҷолиб […]

Дар Ӯзбекистон баргузории шабнишиниҳои солинавӣ барои кормандони мақомоти давлатӣ манъ карда шуд, хабар медиҳад хабаргузории Podrobno.uz бо истинод ба қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, ба муассисаҳои давлатӣ тавсия дода шуд, ки маблағҳоие, ки барои ин чорабиниҳо дар назар гирифта шудаанд ба рушди маориф, тандурустӣ, ятимхонаҳо ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ равона кунанд.

«Ҷолиб аст, ки манъкунӣ баргузории чорабиниҳои идона дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ки бо иштироки 30 нафар бо риояи қатъии талаботи санитарӣ баргузор мегарданд, дахл надорад», – менависад манбаъ.

Инчунин, бо қарори комиссияи махсус дар биноҳои муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактабҳои миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо иштироки мактаббачагон, хонандагон ва донишҷӯён ташкил ва гузаронидани ҷашнҳои гуногун манъ аст.

«Аз сокинони Ӯзбекистон даъват ба амал оварда шуд, ки Соли навро дар ҳалқаи оила ҷашн бигиранд»- гуфта мешавад дар қарор.

Нишасти Арчаи анъанавии солинавии президентӣ-кӯдакон, имсол танҳо барои кӯдакони ятимхонаҳо баргузор мешавад. Ҳамзамон, дар марказҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ арчаҳои солинавӣ танҳо дар фазои кушод насб карда мешаванд.

Инчунин, ба мақомоти масъул супориш дода шуд, ки назоратро аз болои риояи қатъии маҳдудиятҳои карантинӣ дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва дигар муассисаҳои хӯрокворӣ (масофаи иҷтимоӣ ҳангоми ҷойгиркунии муштариён, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, тӯйҳо ва маросимҳои оилавӣ барои на зиёда аз 30 нафар, инчунин безарагардонӣ бо маводи зиддиуфунӣ пурзӯр кунанд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон низ бинобар бемории коронавирус Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ба сокинон тавсия дода аст, ки соли навро дар канори оила ҷашн бигиранд ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои солинавӣ манъ гардид. Инчунин насб гардидани арчаи солинавӣ дар маркази пойтахт низ манъ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.