Бӯстон: таъсиси 7 гурӯҳи таблиғотӣ оид ба шарҳи истифодаи сарфакоронаи барқ

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд барои шарҳи истифодаи дуруст ва сарфакоронаи неруи барқ ба аҳолӣ гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил карда шуданд. Гурӯҳҳои корӣ дар ҷараёни машшварати раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода бо иштироки ҳамаи сохторҳои дахлдори шаҳри Бӯстон таъсис дода шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳрдорӣ Мамнур Нурзода. Раъно […]

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд барои шарҳи истифодаи дуруст ва сарфакоронаи неруи барқ ба аҳолӣ гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил карда шуданд.

Гурӯҳҳои корӣ дар ҷараёни машшварати раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода бо иштироки ҳамаи сохторҳои дахлдори шаҳри Бӯстон таъсис дода шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳрдорӣ Мамнур Нурзода.

Раъно Ҳошимзода, аз ҷумла хотиррасон намуд, ки ҳанӯз моҳи июли соли равон ҳукумати кишвар дар бораи зарурати истифодаи сарфакоронаи барқ ба аҳолӣ муроҷиат карда буд.

“Аз рӯзи 10 декабр интиқоли мунтазами барқ ба аҳолӣ оғоз гардида, акнун мову шумо вазифадорем, ки ба истифодаи оқилона ва сарфакоронаи барқ аз ҷониби аҳолӣ, шарҳи муроҷиатномаи “Барқи тоҷик” дар ин хусус мусоидат намоем”, – гуфт раиси шаҳр.

Ба гурӯҳҳои кории иборат аз намояндагони дастгоҳи раиси шаҳр, шабакаҳои барқ ва хадамоти оташнишонӣ, нозирони минтақавии милитсия, ходимони дин, раисони маҳаллаҳову фаъолон дастур дода шуд, ки аз ҳамаи имконоти мавҷуда истифода бурда, ҳамарӯза байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.

Бо ин мақсад дар маҳҳалаҳои шаҳр мошинҳои махсус бо баландгӯяк равуо намуда, ба аҳолӣ тарзи дурусти истифодаи сарфакоронаи барқро шарҳ медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.