Ҷаримаи сокини Рашт барои маъракаи сарупобинони духтараш

Суди ноҳияи Рашт Раҳматулло Фақеров, омӯзгори маҳаллӣ, сокини 50-солаи деҳаи Ҳаитро ба маблағи 5 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима кард. Ӯ дар риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон» гунаҳкор дониста шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз прокуратураи ноҳияи Рашт. Ба иттилои манбаъ, Фақеров ба муносибати тӯйи духтараш барои 34 […]

Суди ноҳияи Рашт Раҳматулло Фақеров, омӯзгори маҳаллӣ, сокини 50-солаи деҳаи Ҳаитро ба маблағи 5 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима кард. Ӯ дар риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон» гунаҳкор дониста шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз прокуратураи ноҳияи Рашт.

Ба иттилои манбаъ, Фақеров ба муносибати тӯйи духтараш барои 34 нафар хешовандону ҳамсояҳо дар хонааш маъракаи сарупобинон гузаронида, барои меҳмонон зиёфат ташкил кардааст.

Дар мурофиаи судӣ аксу наворҳои видео, ки бо фармоиши худи соҳиби хона наворбардорӣ шуда буданд, ҳамчунин далел намоиш дода шуданд.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи қонуни дар боло зикршуда, дар Тоҷикистон баргузории маъракаҳое чун «фотиҳа», «маслиҳатошӣ», «идонабарӣ», «сандуқбарон», «сарупобинон», «чойгаштак», «раисталбон», «қудоталбон», «ноншиканон", "хонакашон", "модарталбон", "падарталбон", "рӯйбинон", "чодарканон", "муборакбодӣ", "шаҳтозон" "роҳбандон", тақдими либос ба меҳмонони ҳар ду тараф ва хешовандони арӯсу домод манъ карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.