Хуҷандро дарахтони шоҳбулут ва сарви аризонӣ оро хоҳанд дод

Якшанбеи ҳафтаи сипаригардида раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ва ҳудуди майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳолҳои ҳамешасабз шинониданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, нахуст дар ду шафати хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр беш аз 70 ниҳоли дарахтони шоҳбулут (каштан) шинонида шуданд, ки […]

Наим Халимов

Якшанбеи ҳафтаи сипаригардида раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ва ҳудуди майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳолҳои ҳамешасабз шинониданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, нахуст дар ду шафати хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр беш аз 70 ниҳоли дарахтони шоҳбулут (каштан) шинонида шуданд, ки онҳо дар ояндаи наздик ба шаҳр шукӯҳу  шаҳомати хосса  мебахшанд.

Гуфта мешавад, дар Боғи Камоли Хуҷандӣ анвои гуногуни пиёзакҳои гули лола шинонида шуданд, ки миқдори он дар ин боғи фароғатӣ то ба 300 ҳазор расонида мешавад. Маълумот дода шуд, ки дар мавсими имсола беш аз 3 миллион дона пиёзаки гули лола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шинонида мешавад.

Зикр мегардад, ки сипас бо ҷалби кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар майдони Парчами миллии Тоҷикистон 50 бех ниҳолҳои барқади сарв (кипарис)-и аризонӣ шинонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.