Созиши Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар соли 2021

Сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ 5 январ бо Роҳбари Агентии тиҷорати хориҷии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Ҳарбӣ мулоқот намуд. Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ  баррасӣ гардиданд. Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба аҳаммияти мубодилаи сафарҳои роҳбарони ниҳодҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ва […]

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ 5 январ бо Роҳбари Агентии тиҷорати хориҷии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Ҳарбӣ мулоқот намуд.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ  баррасӣ гардиданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба аҳаммияти мубодилаи сафарҳои роҳбарони ниҳодҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ва баргузории форумҳои иқтисодӣ бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ таъкид карданд.

Қобили зикр аст, ки Арабистони Саулӣ яке аз аввалинҳо шуда 11 январи соли 1992 соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф намуд. Муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳо 22 феврали соли 1992 роҳандозӣ гардиданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Риёз – пойтахти Шоҳигарии Саудӣ сентябри 2008 кушода шуд.

Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе соли 2010 ба фаъолият оғоз кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.