Аҳолии Душанбе аз “Барқи тоҷик” 95 млн сомонӣ қарздор аст

Шабакаҳои барқи Душанбе соли гузашта 2,3 млрд кВт/соат нерӯи барқ гирифтаанд, ки 78 млн кВт/соат зиёдтар нисбат ба соли 2019 мебошад, хабар медиҳад шаҳрдории пойтахт. Беш аз 60% (1,4 млрд кВт/соат) дар ҳаҷми умумии барқи гирифта дар худи шаҳр – марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол шудааст. Ҳаҷми барқи дар ин марказҳо истеҳсолшуда нисбат ба соли 2019 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шабакаҳои барқи Душанбе соли гузашта 2,3 млрд кВт/соат нерӯи барқ гирифтаанд, ки 78 млн кВт/соат зиёдтар нисбат ба соли 2019 мебошад, хабар медиҳад шаҳрдории пойтахт.

Беш аз 60% (1,4 млрд кВт/соат) дар ҳаҷми умумии барқи гирифта дар худи шаҳр – марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол шудааст. Ҳаҷми барқи дар ин марказҳо истеҳсолшуда нисбат ба соли 2019 ба андозаи 8% зиёдтар аст.

Шабонарӯзӣ пойтахт бо 6,3 млн кВт/соат неруи барқ таъмин мешуд, ки тақрибан ба 10% аз ҳаҷми умумии таъминоти кишвар бо барқ баробар аст.

Талафоти техникии барқ дар шабакаҳои пойтахт чун дар соли 2019 дар ҳаҷми 15,5% арзёбӣ мешаванд.

Соли 2020 маблағи умумии барқи дар пойтахт истеҳсолшуда 678 млн сомонӣ ва пули пардохтшуда барои он – 542 млн сомониро ташкил дод.

Яъне истеъмолгарон ба “Барқи тоҷик” 136 млн сомонӣ қарздор шудаанд, ки ҳудуди 20% аз ҳаҷми умумии барқи истифоашуда дар пойтахтро ташкил медиҳад.

Қарздорони асосӣ истеъмолгарони маишӣ номбар мешаванд, ки ба ҳиссаи онҳо қариб 70% аз қарзи умумӣ дар шаҳр – наздики 95 млн сомонӣ рост меояд.

Дар шаҳрдорӣ қайд мекунанд, ки аҳолии пойтахт ба маблағи 341,5 млн сомонӣ барқ гирифта, танҳо 246,7 млн сомонӣ (72,2%) маблағ пардохт намудааст.

Қаблан дар “Барқи тоҷик” хабар дода буданд, ки аҳолии ҷумҳурӣ ба ҷуз сокинони ВМКБ, бо назардошти бақияи солҳи пешин барои истифодаи барқ зиёда аз 1 млрд сомонӣ қарздор аст.

Дар инфографикаи зер ҳисоб кардем, ки агар ба ҳисоби миёна аз барқ истифода кунем, чӣ қадар маблағ хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.